ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд, гуфт Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 21 ноябр дар нишасти парлумони ҶТ. Дар ин бора сомонаи Радиои Озодӣ иттилоъ додааст.
Ба гуфти ӯ, тоҷикон асосан тариқи Афғонистону Русия озими манотиқи "доғ" мешаванд. "Дар Маскав минтақае бо номи Проспект мира вуҷуд дорад, дар масҷиди "Проспект мира" ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд",- иброз дошт Амонов.
Қаблан, вазири умури дохилаи Тоҷикистон шумори шаҳрвандони кишварро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 200 нафар эълом карда буд. Рамазон Раҳимзода аснои гуфтугӯи мустақим бо хонандагони нашрияи Тоҷикистон гуфт, "дар ҷангҳои Сурия то ин замон 50 нафар тоҷикистонӣ кушта шудааст".
"Бархе аз волидайн фикр мекунанд, ки фарзанди онҳо дар муҳоҷират дар Русия аст, аммо ҷавонони ноогоҳ ва бемаълумот ба доми гурӯҳҳои ҷиноӣ ва одамфурӯшон афтида, тақдирашон норӯшан мешавад. Онҳоро умдатан тариқи Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба ҷанг мебаранд ",- гуфт Раҳимзода.
Ба қавли ӯ, нисбати 19 нафар аз ашхосе, ки ҷавононро ба ҷанг ташвиқ мекунанд ва онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мекунанд, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Масъалаи ифтитоҳи парванда дар қиболи 12 тани дигар дар ҳоли баррасист.