Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд

© Sputnik / Евгений БиятовДар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Дар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 13 нафарро ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи мансуб ба "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия, мутаносибан аз 9 то 12 сол ба ҳабс маҳкум кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. 13 нафар аз сокинони Суғд бо иттиҳоми таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ ва сарнагун сохтани сохтори қонунӣ аз 9 то 12 сол равонаи зиндон шуданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Мурофиаи ин гуруҳ, ки авоили ҳамин моҳ шуруъ шуда буд, рӯзи 16 феврал ба анҷом расид.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи ин афрод дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд (СИЗО-2) баргузор кард, ки ду раҳбари ин гурӯҳи 13-нафара ба 12 соли зиндон ва афроди боқимонда мутаносибан аз 9 то 10 соли равонаи зиндон шудаанд. Аксарияти маҳкумшудаҳо сокинони Конибодом ва танҳо як нафар аз Истаравшан мебошанд.

Покистон раҳбари бахши “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро ба Тоҷикистон дод

Сину соли ин афрод, тавре "Озодӣ" менависад, аз 26 то 49 буда, додгоҳ онҳоро дар маҷмӯъ мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон; 187 қисми 2 — "таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ" ва 307 — "даъвати оммавӣ ба роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон" ва 347 — "ташкили иттиҳоди экстремистӣ" ва 195 қисми 2 — "ғайриқонунӣ доштани аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ", айбдор донистааст.

Ин афрод моҳи ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгир шуда, тафтиши парвандаро додситонии Суғд анҷом додааст. Онҳо дар ҳоле боздошт шуданд, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ, ба ҷамъоварии маблағ барои равон кардани ҷавонон ба ҷанги Сурия машғул будаанд.

Бино ба иттилои шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонии Суғд, аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ алайҳи ҳудуди 60 сокини вилояти Суғд, умдатан аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд дар иртибот ба таъсиси гурӯҳҳои мансуб ба ҲИУ ва "Ҷамоати Ансорулоҳ" ва ҷалби одамон барои иштирок дар ҷанги Сурия, 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0