Бонки миллӣ: долларкунонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хатар дорад

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкПул. Акс аз бойгонӣ
Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаҳишҳои қурби арзи аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон далели аслии болоравии сареъи қимматҳои маҳсулот ва хадамот дар дохили кишвар мебошад ва роҳи наҷот дар рушди тавлидоти дохилӣ ва истифода аз арзҳои кишварҳои дигар барои воридот аз хориҷи кишвар аст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Долларкунонии иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи хатарнок қарор дорад, ки қиммати колоҳо ва хадамот ба қурби доллари ИМА вобаста мебошад, гуфтааст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, хабар медиҳад сойти интернетии ин ниҳод.

Яке аз далоили болоравии қимматҳо дар Тоҷикистон ноустувории қурби доллар аст, ки арзи аслӣ дар тиҷорати хориҷии кишвар мебошад.

"Маъмулан маҳсулоти ниёзи мардум — либос, пойафзол ва ғайра умдатан аз Чин ворид мешаванд ва дар он ҷо онҳоро бо доллар харидорӣ мекунанд ва ба ин далел қиммати онҳо аз қурб вобаста аст. Мо бо бонкҳои Чин барои тағйири вазъ музокирот мекунем, ки бо ин кишвар тиҷоратро бо юан оғоз кунем — ин амр имкон медиҳад, ки арзиши колоҳои онҳо танзим карда шавад", — зикр кард вай.

Бонки миллӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ $137 миллион сарф кардааст

Ширинов гуфт, ки дар ҷаҳон арзе нест, ки қурбаш дар қиболи доллари ИМА пойин нарафта бошад. Ин амр ба сиёсати пулии низоми Федероли захиравии (НФЗ) ИМА бастагӣ дорад, ки дар моҳи декабри соли 2013 барномаи нармисозии миқдориро (quantitative easing, QE3) оғоз кард.

Барнома харидории дороиҳои бонкҳо ва ширкатҳоро ба маблағи $85 миллиард дар назар дошт ва минбаъд НФЗ ҳар моҳ мизони харидориро тақрибан ба 10 миллиард коҳиш медод. Дар ниҳоят, дар моҳи октябри соли 2014 дар бораи масдуд шудани барномаи QE3 эълом шуд, зеро вазъ дар бозори кори ИМА ба сурати қобили мулоҳиза беҳбуд ёфт.

"Ин амр манбаъи бузурги қарзҳои арзон дар иқтисод шуд, ки ба ниёз ба қарзҳо ва ҷалби сармояи бештар ба ИМА, боло рафтани мизони тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар мунҷар шуд. Ин амр ҳамчунин ба болоравии қурби доллар дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон сабаб шуд", — тавзеъ дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ширинов зикр мекунад, ки дар масъалаи қурби рубли русӣ, ки аз тирамоҳи соли 2014 ними арзиши худро аз даст дод ва дар маҷмӯъ бозорҳои арзӣ дар тамоми ҷаҳон вазъият он замон тағйир меёбад, ки қиммати ҷаҳонии нафт дубора боло раванд.

Сайёҳон ба Тоҷикистон 106 миллион доллар ворид кардаанд

"То он замон Бонки миллӣ ҳамарӯза барои боло нарафтани сареъи қурби доллар ва таъсири сахти он ба қиммати колоҳо ҳамалоти арзӣ анҷом медиҳад. Вале агар мо хоҳем, ки доллар ба чунин сурати сахт ба иқтисоди кишвар таъсир надошта бошаду долларкунонии иқтисод коҳиш биёбад, моро зарур аст, ки тавлидот дар дохили кишварро афзоиш бидиҳем ва мизони воридоте, ки ба доллар харидорӣ мешавад, коҳиш бидиҳем", — зикр кард Ширинов.

Дар ҳамин ҳол қурби доллар дар Тоҷикистон болоравии худро идома медиҳад. Рӯзи паҷшанбе арзиши бозории арзи амрикоӣ дар Тоҷикистон 5,75 сомонӣ буд, ки ҳудуди 5% болотар аз қурби аввали сол аст.

Лентаи хабарҳо
0