ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз ҳисоби сайёҳон ба Тоҷикистон дар соли 2014 106 миллион доллар ворид шудааст, бо такя ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон менависад оҷонсии "Озодагон".
Ба иттилои Кумита, дар соли 2014 ба Тоҷикистон 213 ҳазору 265 сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин нишондод дар соли 2013 ба 207 ҳазору 911 нафар баробар будааст.
Бештари сайёҳони хориҷӣ ба минтақаи Бадахшон, Зарафшон, Ҳисор ва Варзоби Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд ва бештари сайёҳон аз кишварҳо Чин, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Туркия ворид шудаанд.
Кумитаи сайёҳӣ таъкид кардааст, ки соли 2015 дар Тоҷикистон соли сайёҳии дохилӣ эълон шуда, барои бори аввал дар Душанбе гузарондани конфронси байналмилалии рушди сайёҳӣ дар назар аст.