Мавзуна Чориева – номзади ҲХДТ дар Маҷлиси Душанбе

© AP Photo/Ivan SekretarevМавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ
Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавзуна Чориева дар интихоботи якуми март барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси шаҳри Душанбе мубориза хоҳад бурд. Номзадии ӯ аз тарафи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ пешниҳод шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Чориева гуфтааст, ҳоло номзадияшро расман дар ҳавзаи интихоботии рақами 37 дар ноҳияи Синои пойтахт сабтином кардаанд. Ин муштзани тоҷик дар идома афзудааст, дар сурати пирӯзӣ тамоми талошашро барои рушди варзиш ва пешрафти ҷавонони пойтахт равона хоҳад кард.

Вазиру раис дар рӯйхати интихоботии ҲХДТ

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ҳамзамон бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1 март баргузор мешавад.

Мавзуна Чориева моҳи сентябри соли 2013 нахустин шуда номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ пешниҳод карда буд. Вай дар ҷаласаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон гуфт, "ман хушбахттарин ҷавони замони истиқлол ҳастам. Ман чун як модар, як зан, як варзишгар мехоҳам фарзандам дар чунин давлати озоду обод ба воя расад".

Дар пайи он вакилони анҷуман аз ҷой бархоста, пешниҳоди Мавзуна Чориеваро бо кафкӯбиҳо пазируфтанд. Маликшоҳ Неъматов, раиси пешини Иттифоқи ҷавонон ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди Мавзуна пешниҳоди одӣ нест — пешниҳоди як хонуми варзишгарест, ки ба таъбири ӯ, "аз ҳамаи неъматҳои соҳибистиқолии Тоҷикистон баҳраманд шуда ва шоҳиди пешрафтҳои кишвар аст."

Имтиҳон аз забони давлатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИР: ҳамаи номзадҳои ҲХДТ санҷишро аз забон супориданд

Номи Мавзуна Чориеваи 22-сола баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст.

Ин қаҳрамонӣ ба маҳбубияту маъруфияти ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуд ва аксарият ба Мавзуна "духтари қаҳрамон" ном гузоштанд. Баъдан ба Мавзуна Чориева барои ин дастовардаш шаҳрдории Душанбе манзили се ҳуҷраӣ, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷраӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷраӣ тӯҳфа намуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.

Лентаи хабарҳо
0