КМИР: ҳамаи номзадҳои ҲХДТ санҷишро аз забон супориданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳон аз забони давлатӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳон аз забони давлатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номзадҳои ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар парлумон аз санҷиши забони давлатӣ гузаштанд, акнун навбати – аграриҳо, демократҳо ва наҳзативу сотсиалистҳо аст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҳамаи 28 номзади ҲХДТ ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз санҷиши забони давлатӣ гузаштанд, хабар медиҳад сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.

Санҷиши номзадаҳо дар бинои Комиссияи марказии интихобот рӯзи гузаштаи 6-уми январ сурат гирифт.

"Ҳамаи номзадҳои ҲХДТ аз сатҳи донишашон аз забони давлатӣ баҳои мусбат гирифтанд", — иброз дошт Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи КМИР.

Ба қавли ӯ, санҷиши номзадҳои ҲХДТ-ро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намуданд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз баргузории санҷиши дониши забони тоҷикии номзадҳои пешбаришуда аз ҳизби демократ, сотсиалистӣ ва аграрии Тоҷикистон дар назар аст.

Имтиҳонсупорӣ аз забон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номзадҳо ба вакилӣ дар КМИР имтиҳони забони тоҷикӣ месупоранд

Гуфтанист, дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки роҳбари он, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умуиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ӯҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.

Интихоботи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони мамлакат) рӯзи 1 март баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0