ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки роҳбараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, шанбеи 13-уми декабр дар анҷумани пешазинтихоботӣ рӯйхати номзадҳояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 тасдиқ намуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Рӯйхати номзадҳои ҲХДТ-ро 28 нафар дар бар мегирад, ки миёни эшон собиқ вазирону раисон низ мавҷуданд.
Дар ин рӯйхат аз ҷумла Абдуҷаббор Азизов, ёвари президент оид ба масоили кадрӣ, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайриниссо Юсуфӣ, вакили парлумон, Низом Қосим, шоир, Қиёмиддин Нуралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика қарор доранд.
"Озодагон" бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ин рӯйхат қарор надорад ва Ҷамила Раҳмонова, ноиби ректори Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси номзад аз ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шудааст.
Дар ин анҷуман Эмомалӣ Раҳмон боз ба ҳайси раиси ҲХДТ интихоб, вале муовинонаш иваз шудаанд. Аз ҷумла Сафар Сафаров, ки то ҳол муовини якуми раис буд, ба нафақа фиристода шуда, ба ҷои ӯ Саидмурод Фаттоев таъйин гардид. Саидмурод Фаттоев то ҳол ёвари президент оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Инчунин Раъно Бобоҷониён ва Латифзода Асрор, муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ таъйин гардиданд.
Рӯйхати номзадҳои ҲХДТ:
1)Азизи Абдуҷаббор, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрҳо
2) Низом Қосим, вакили Маҷлиси намояндагон
3) Хайриниссо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагон
4) Афзалшоева Бибидавлат, вакили Маҷлиси намояндагон
5) Раҷабова Лутфия, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба тарбия
6) Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон
7) Амрихудои Дамдор, муовини якуми раиси вилояти Бадахшон
8) Дилрабо Мансурова, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
9) Дилшод Исматуллоев, вакили Маҷлиси намояндагон
10) Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин
11) Гулбаҳор Ашӯрова, директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустии Тоҷикистон
12) Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо
13) Содиқова Насиба, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улум
14) Пӯлод Муҳиддиниён, муовини вазири энергетика ва захираҳои об
15) Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ
16) Ориф Ҳакимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритус
17) Миралӣ Достиев, директори Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
18) Қаноатшо Лоиқов, машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи шӯрои амнияти Тоҷикистон
19) Раҷабмо Бадриддинова, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
20) Исломиддин Уроқов, мудири шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе
21) Ҷамила Саидова, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон
22) Фирӯза Шарифӣ, мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
23) Юсуф Маҷидӣ, муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон
24) Ҳусейн Нидоев, раҳбари дастгооҳи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
25) Ҷамила Раҳмонова, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
26) Солия Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
27) Абдулло Раҳмонзода, ҳуқуқшиноси Дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ
28) Шариф Шарифов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод