ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Комиссияи маркази интихоботи (КМИ) Ӯзбекистон тасмим гирифтааст дар хориҷи кишвар 44 маркази раъйдиҳӣ барои атбоъи ин кишвар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ таъсис бидиҳад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.
Марокизи раъйдиҳӣ бо дарназрдошти муқаррароти аслӣ — сукунати дастҷамъонаи атбоъи Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар таъсис мешаванд. Ба вазорати хориҷаи ҷумҳурӣ дастур шудааст, ки феҳрасти намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистонро таҳия ва барои баррасии КМИ пешниҳод кунад.
Дар ҷаласаи 3 феврал ҳамчунин мавзӯъи сабти номи кормандони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки корзори интихоботиро бозтоб медиҳанд, баррасӣ шудааст. Дар бораи наҳваи ин амр қарор қабул шудааст.
Интихоботи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон 29 марти соли ҷорӣ баргузор мешаванд. Раиси ҷумҳури кишвар барои 5 сол интихоб мешавад. Тибқи иттилоъи Комиссияи марказии интихобот, теъдоди умумии интихобкунандагон 20 миллиону 798 ҳазору 52 нафар аст.
Барои интихоб шудан ба вазифаи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон чаҳор номзад — Ислом Каримов, раиси ҷумҳури феълӣ, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи "Адолат"-и Ӯзбекистон Наримон Умаров, раиси Ҳизби халқи-демократии Ӯзбекистон Ҳотамҷон Кетмонов ва узви бахши демократҳои "Миллий тикланиш" Акмал Саидов талош мекунанд.
Раиси ҷумҳури феълии Ӯзбекистон Ислом Каримови 77-сола яке аз дарозумртарин раҳбарон миёни руасои кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Вай раҳбарии кишварро аз соли 1989 бад ин сӯ бар ӯҳда дорад.