Ба мақоми раиси ҷумҳури Ӯзбекистон боз як номзад пайдо шуд

© Фото с официального сайта Народно-демократической партии УзбекистанаҶаласаи раёсати ҲХДӮ. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи раёсати ҲХДӮ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон номзади дигар пайдо шуд. Ҳизби Халқи демократи ин кишвар исми номзади худро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раҳбари Ҳизби халқи демократи Ӯзбекистон (ҲХДӮ) Ҳотамҷон Кетмонов ба мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар номзад шудааст, хабар медиҳад сойти ин ҳизб.

Номзадии вай дар ҷаласаи Шӯрои марказии ҲХДӮ рӯзи панҷшанбе, баъд аз он ки номзадии раиси ҷумҳури феълии кишвар Ислом Каримов муҷаддадан пешбарӣ шуд, ҷонибдорӣ шудааст.

"Кетмонов таъкид кард, ки ҳизб бояд ба сурати сазовор дар интихоботӣ феълӣ бо дарназардошти манофеъи интихобкунандагон, мақсади ҳизб ва бо истифода аз шароиту имконоти баробаре, ки ба ҳизбҳо дар пайи ислоҳоти демократӣ дар кишвар дар интихобот ба ҳизбҳо дода шудаанд, ширкат кунад", — хабар медиҳад маркази матбуъотии ҲХДӮ.

Ҳотамҷон Кетмонови 45-сола зодаи вилояти Андиҷон аст ва дар моҳи апрели соли 2013 раҳбари ҲХДӮ интихоб шудааст. Тахассусаш муаллими забон ва адабиёти рус аст ва Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои Андиҷонро хатм кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе номзадии Ислом Каримови 76-сола ба вазифаи раиси ҷумҳур аз сӯйи анҷумани Ҳизби либерол-демократи Ӯзбакистон пешниҳод шуд. Ба ин тартиб, феълан ду номзади интихоботи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ки 29-уми март баргузор мешавад, эълом шудаанд.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон барои панҷ сол интихоб мешавад. Интихоботи қаблӣ дар кишвар соли 2007 баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0