ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Панҷ ҳизби сиёсии Ӯзбекистон барои ширкат дар корзори интихоботии раиси ҷумҳур иҷоза гирифтаанд, хабар медиҳад Кумиссиюни марказии интихобот дар нишасти худ, ки 22-уми январ баргузор шуд.
Инҳо Ҳизби либерол-демократ ва Ҳизби халқи демократ, ҳизби "Миллий тикланиш" — демократҳо ва ҳизби Сотсиал-демократи "Адолат" мебошанд. Онҳо куллия асноди зарурӣ барои сабти номро ба КМИ пешниҳод карда ҷамъоварии имзоҳоро шурӯъ карданд.
"Омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар асоси қавонин сурат гирифта, куллия аҳзоби сиёсӣ дар кишвар омодагии худро барои ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон изҳор доштанд", — гуфт раиси КМИ Мирзо Улуғбек Абдусаломов.
Раиси КМИ зикр кард, ки ниҳоди вай ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамчунин дар пойтахти кишвар шаҳри Тошканд ва вилояти ҳамном ташкил кардааст. Ба ҳайъати кумиссиюнҳои интихоботии ҳавзаӣ намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки аз таҷрубаи баргузории интихоботҳои қаблии раёсати ҷумҳурӣ бархурдоранд, шомил шудаанд.
Феълан ба мақоми раиси ҷумҳур се номзад пешбарӣ шудааст. Инҳо раиси ҷумҳури феълӣ Ислом Каримов, ки ӯро либерал-демократҳо пешбарӣ кардаанд, раҳбари ҳизби "Адолат" Наримон Умаров ва раҳбари ҳизби Халқи демократӣ Ҳотамҷон Кетмонов мебошанд.
Интихоботи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон 29-уми март баргузор мешавад ва мӯҳлати ифои вазифа 5 сол муқаррар шудааст.