ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Наҷотбахшон таҳқиқи иттилоъ дар бораи пайдо шудани дуди ғализро дар яке аз ҷазираҳое, ки ҳавопаймои Airbus A320-200 мутаалиқ ба ширкати Air Asia нопадид шуд, идома медиҳанд, менависад РИА Новости.
Тибқи гузоришҳои расида, дар ҳоли ҳозир даҳҳо киштӣ, ҳавопаймо ва чархбол аз кишварҳои Индонезия, Малайзия, Австралия, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҷустуҷӯи ин ҳавопаймо машғуланд. Инчунин, мақомоти кӯмакрасони Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Чин барои ҷустуҷӯи ҳавопаймо сафарбар мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки 28-уми декабр, ҳавопаймои мусофиркаш Airbus 320-200 мансуб ба ширкати Air Asia, ки дар он 162 нафар ҳузур дошт, аз шаҳри Сурабая (Surabaya)-и Индонезия ба Сингапур парвоз мекард, дар фарози обҳои дарёи Ҷоваи Индонезия аз сафҳаи радар нопадид шуд.
Дар бораи нопадид шудани ин ҳавопаймо то ҳол фарзияҳои гуногуне, аз ҷумла ба қаъри об ғарқ шудани он ироа шудааст, вале бо гузашти 3 рӯз то ҳол аз ҷониби касе иттиллои дақиқе дар бораи сиҳҳат доштани ин фарзияҳо нашр нашудааст.
Инчунин, мақомоти Индонезия наворҳои савтиеро дар бораи охирин сӯҳбатҳои халабони ин ҳавопаймо бо масъулини бурҷи назоратии фурӯдгоҳи Сурабая нашр кардаанд, ки пеш аз чанд дақиқаи нопадид шудан, хостаанд, ки хатти парвозро аз 32 ҳазор қадам ба 38 ҳазор қадам боло бурдан мехоҳанд. Масъулини бурҷ назоратии ҳам пас тамос гирифтан бо ҳамтоёни сингапурии худ хостанд, ки бо онҳо мувофиқа кунанд, вале дер шудааст.