ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Роҳбари амалиёти наҷотбахшӣ, ки ҳавопаймои гумшудаи ширкати "Air Asia"-ро ҷустуҷӯ дорад, иброз дошт, ки он шояд дар баҳр ғарқ шудааст, менависад РИА Новости.
"Бо такя ба асноде, ки ба мо пешниҳод шудааст ва координатҳои парвози тайёра, ки дар дасти мост, метавон фарзияи қаблиро эълон кард: ҳавопаймо дар қаъри баҳр қарор дорад",-иттилоъ медиҳад оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба суханони Бамбанго Соелистйо, роҳбари гурӯҳи наҷотбахшон.
"Ин фарзияи қаблӣ аст ва он метавонад дар асоси хулосаҳои дигар тағйир кунад",- таъкид дошт ӯ.
Ҳавопаймои Airbus A320-200, мутаалиқ ба ширкати "Air Asia"-и Малайзия, ки аз шаҳри Сурабаяи Индонезия ба Сингапур парвоз мекард, шаби якшанбе аз навори радарҳо нопадид шуд. Ба иттилои ширкати мусофиркашонӣ, сарнишинони он бори охир дар соати 07.24 ба вақти маҳаллӣ (03.24 ба вақти Маскав) ба алоқа баромадаанд. Дар дохили тайёра 155 мусофир ва 7 сарнишин қарор доштанд.