ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир коҳиш ёфта, 17-уми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе 1000 рубл ҳамагӣ 64-66 сомонӣ арзиш дорад, хабар медиҳад оҷонсии маҳаллии "Озодагон".
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои 14-15 декабр 1000 рубли русӣ дар Душанбе аз 92 то 97 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар Русия низ қурби рубл ба таври бесобиқа пойин рафта, феълан як доллар беш аз 80 рубл арзиш дорад. Бонки марказии Русия барои нигоҳ доштани қурби рубл меъёри бозтамвилро аз 10,5 то 17 дар сад боло бурд, вале ин тағйирот то ҳол натиҷае надодааст.
Коршиносон ин вазъро пайомади арзоншавии нафт ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия медонанд.
Дар ҳамин ҳол, қурби 1 доллар дар Тоҷикистон то ба 5,60-5,62 сомонӣ расидааст. Аввали моҳи равон бо дахолати Бонки Миллӣ, ки ҳамарӯза то 4 миллион долларро барои устувор нигоҳ доштани сомонӣ ба бозор мерехт, як доллар ба 5,28-5,30 сомонӣ баробар буд. Аммо зоҳиран захираҳои Бонки асосии Тоҷикистон низ майл ба камшавӣ доранд, ки танҳо дар давоми қариб се ҳафтаи охир арзиши доллар босуръат боло меравад.