Рӯзи баргузории интихоботи ояндаи парлумонӣ дар ҶТ маълум шуд

© Sputnik / Светлана МайороваИнтихобот дар ФР. Акс аз бойгонӣ
Интихобот дар ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон рӯзи интихоботи навбатии палатаи поёнии парлумони кишварро таъин кард. Ҳамзамон, интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ низ дар ҳамон сана сурат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба навиштаи манбаъ, имрӯз, 5 декабр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон рӯзи  интихоботи Маҷлиси намояндагонро ба аввали март таъин кард.

"Президент бо фармони худ рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагонро мушаххас намуда онро ба таърихи 1 марти соли 2015 таъин кард. Дар ин фармон зикр шудааст, ки "интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015 таъйин карда шавад",-меафзояд манбаъ.

Қуттии овоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИ: президент санаи интихоботи парлумониро то 10 декабр аниқ мекунад

Ҳамчунин, тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин шуда интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. 

Дар ҳоли ҳозир 5 ҳизб: халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ки бештари курсиҳои МН соҳиб аст ва роҳбарии онро президент ба зимма дорад, наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби комунист (ҲКТ), аграрӣ (ҲАТ) ва ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) дар парлумони кишвар намоянда доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тасмимашонро барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ баён дошта, наҳзатиҳо бо ҳудуди 40 номзад ва коммунистҳо 17 нафар нияти вуруд ба корзори интихоботро доранд.

Лентаи хабарҳо
0