Президенти Тоҷикистон ваъдаи баргузории интихоботи шаффофро дод

© Sputnik / Лидия ИсамоваЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Тоҷикистон аз баргузории интихоботи парлумонӣ бо шеваи шаффоф ҷонибдорӣ мекунад, менависад сомонаи расмии президенти Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Радиф Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон, сарвари Тоҷикистон 5-уми ноябр аснои суханрониаш ба муносибати 20- солагии қабули Сарқонун (Конститутсия)-и ҶТ дар ҷаласаи тантанавӣ таваҷҷуҳи аслиро ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда равон кард, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.

Раҳмон дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ба ниҳодҳои дахлдори кишвар барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд дастур дода, афзуд "ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парлумонӣ тамоми шароитро фароҳам кунанд".

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бори дигар хотирнишон кардааст, ки ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошад, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор шавад ва барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани интихоботи парлумонии ояндаи Тоҷикистон низ тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ӯ аз ворид шудани тағйиру иловаҳои охир ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ" ва поин бурдани ҳаҷми гарави интихоботӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ин ҳама ба хотири такмили заминаи имкониятҳои баробари иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сурат гирифтааст. Ба қавли раисҷумҳур, тибқи қонуни мазкур барои дастрасии бештари шаҳрвандон ҳамчун номзад ба депутатӣ гаравпулӣ ҳудуди 50 дарсад кам карда шудааст.

"Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ номзадҳои зиёде пешбарӣ мешаванд, ки инро мо ҳамчун як падидаи табиӣ дар ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мекунем. Гузашта аз ин, мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад",- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар охир аз ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар ва шахсони алоҳида даъват кардааст, барои баргузории ин интихобот дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда ва омили таҳкими сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия гардидани он талош кунанд.

Лентаи хабарҳо
0