ШМ Русия: касе дар масоҷид тоҷиконро ба ҷанги Сурия ҷалб накардааст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкРавил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия аснои Иди Қурбон.Акс аз бойгонӣ
Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия аснои Иди Қурбон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои муфтиёти Русия мегӯяд, имомҳои масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз равияҳои тундгароёна ва таҳкими арзишҳои ахлоқиву рӯҳонии Ислом пайваста мавъизаҳову нишастҳо барпо карда, ҳар рӯз ба намозгузорон барои ҳалли масоиле, ки пеш меоянд, кумаки фаврӣ мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Рӯзи 25-уми ноябр, аснои пахши як баёния Муфтиёти Русия ва Идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди нуқтаи ҷалби намозгузорон ба ҷанги Сурия дар масҷиди "Проспект Мира"-и пойтахти Русияро рад кардаанд. Дар ин бора сомонаи расмии ИМ иттилоъ медиҳад.

Бисту якуми ноябри соли равон, Акрам Амонов, муовини раиси КДАМ-и Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи парлумони кишвар гуфт, айни замон беш аз 300 нафар тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ширкат меварзанд ва онҳо асосан тариқи қаламрави Туркия ва Афғонистон ба ҷанг мераванд.

Ҷанг дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд

 "Дар Маскав минтақае бо номи Проспект мира вуҷуд дорад, дар масҷиди "Проспект мира"  ҷавонон ҷамъ шуда ва аз он ҷо ба Сурия фиристода мешаванд",- иброз дошт ӯ.

Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав дар посух ба ин, рӯзи 26 ноябр бо нашри  як изҳороти расмӣ иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи гӯё дар масҷидҳои Маскав вуҷуд доштани нуқтаҳои ҷалби ҷангиён барои интиқол ба Сурияро қатъиян рад карданд. 

"Аснои баргузории намозҳои панҷвақта ба тарбияи маънавӣ ва арзишҳои олии исломӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардида, ҳамеша сабру таҳаммул ва ахлоқи неку ҳамидаи инсонӣ тарғиб мешавад. Гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, гузашта аз он, ташкили нуқтаҳои ҷалби афрод дар масҷидҳо қатъиян манъ буда, бо ҳар роҳу васила пешгирӣ карда мешаванд",- омадааст дар изҳорот.

Шӯрои муфтиёти Русия қайд мекунад, ки соли гузашта Идораи қозиёт ва сархатиби ҷомеъи шаҳри Маскав Илдар Аловуддинов бо ирсоли дархости расмӣ ба сафоратҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон хоста буд, то барои пешбурди корҳои маърифатӣ дар байни ҷамъиятҳои миллӣ бо забони модарии онҳо имомҳои соҳиби маълумоти олии мазҳабиро бифиристанд. Ба қавли манбаъ, то имрӯз танҳо намояндагони Қирғизистон ба ҳамкорӣ таваҷҷӯҳ кардаанду бас.

"Сафорати Тоҷикистон номаи расмиро нодида гирифт ва гузашта аз ин намояндаи онҳо ба мулоқот ҳам наомад. Аз ин рӯ, бо тасмими Шӯрои муфтиёт ба масҷиди ҷомеъ устоди Донишгоҳи исломии Русия, ки забони форсиро хуб балад аст даъват шуд. Ва ҳоло он кас ба тарбияи маънавии намозгузорон сару кор дорад",- қайд мешавад дар баёния.

Ба иттилои Идораи мусалмонони Маскав, шурӯъ аз аввали соли равон бо ибтикори масъулини масҷиди ҷомеъ ва Шӯрои муфтиёт барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни намозгузорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ сурат мегирад. Сарчашмаи хабар меафзояд, тайи ин муддат аз чандин ҳолати нохуб ва ҳиссиёти бадбинӣ дар қиболи ҳукумати феълии Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд.

"Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар масҷиди ҷомеъ корҳои ҷиддӣ дар бахши тарбия ва фаҳмондадиҳӣ миёни мусалмонон ҷараён дорад. Масъулин кӯшиш доранд, ки аз паҳншавии ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ ва таасубгароӣ пешгирӣ кунанд. Бинобар ин, сару садо дар бораи ҷалби намозгузорон ба амалиётҳои хориҷа бе асос мебошанд ва ҳақиқат надоранд",- иброз медорад Шӯрои муфтиёти Русия.

Лентаи хабарҳо
0