Низоми бераводид байни Тоҷикистону Молдова боқӣ мемонад

Мақомти Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста аз он, ки Молдова аз Созишнома дар бораи сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои ИДМ баромад, низоми бераводид бо ин кишвар нигоҳ дошта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Аз 1 апрели соли 2026 низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова барои дорандагони ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
“Мувофиқаи мазкур дар пайрави баромадани Молдова аз Созишнома дар бораи сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 октябри соли 1992 ҳосил шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар равона шудааст”, - таъкид кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки шаҳрвандони ду давлат метавонанд ба Тоҷикистон ва Молдова бераводид ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз дар давоми ҳар як давраи 180-рӯз сафар намоянд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки нигоҳдории низоми бераводид ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Молдова мутобиқ буда, ба манфиатҳои мутақобилаи тарафҳо ҷавобгӯ мебошад.
Тоҷикистону Молдова масъалаи дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббиро баррасӣ намуданд
Ёдовар мешавем, ки Молдова дар ҳоли хуруҷ аз сохторҳои ИДМ аст.
Дар моҳи апрели соли 2026, кишвар ҳуҷҷатҳои калидӣ, аз ҷумла Оинномаи ИДМ-ро бекор кард. Хуруҷи пурра ва расмии Молдова аз ИДМ то 8 апрели соли 2027 идома меёбад. Кишинёв иштироки худро дар ҷаласаҳо қатъ карда, садҳо созишномаҳоро бекор кардааст, то худро сиёсати Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ намояд.