Тоҷикистону Молдова масъалаи дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббиро баррасӣ намуданд

© Foto / Пресс-служба Министерства здравоохранения ТаджикистанаВстреча таджикской делегации с министром здравоохранения Молдовы Аллой Немеренко
Встреча таджикской делегации с министром здравоохранения Молдовы Аллой Немеренко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Обуна шудан
Тоҷикистону Молдова ҳамкориҳо мутақобилро дар бахши муҳоҷират тандурустӣ ва омодасозии мутахассисонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Намояндагони вазорати тандурустӣ ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо вазири тандурустии Молдова Алла Немеренко масъалаҳои дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббӣ, ёрии равонӣ ва дастгирии ин табақа, рақамикунони соҳаи тандурустӣ, омодасозии мутахассисони соҳаро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон ба Молдова барои иштирок дар як чорабинии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои муҳоҷират байни Тоҷикистон ва кишвари Молдова, ки бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ташкил карда шудааст сафар кардааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ муаррифӣ намуданд.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Мутахассисони Тоҷикистону Молдова омодаи ҳамкорӣ ва табодули маълумот ҳастанд
“Ҳайати Тоҷикистон бо вазири тандурустии Молдова масъалаҳои дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббӣ, ёрии равонӣ ва дастгирии ин табақа, рақамикунони соҳаи тандурустӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва ғайра мавриди баррасӣ намуданд”, қайд кардааст вазорати тандурустӣ.
Дар ин гуфтугӯҳо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии и Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҳайати Тоҷикистон низ дар ин чорабини сатҳи баланд иштирок доштааст.
Лентаи хабарҳо
0