ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба артиши Тоҷикистон давоми як моҳ 93,5% иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ афзуда, ки нақшаи даъват дар ВМКБ, Душанбе ва Хатлон пурра ба анҷом расидааст.
Зикр гардид, ки дар Суғд ҳоло 87,4% ва дар НТҶ 85,7% нақша иҷро гардидаасту халос.
Ба таъкиди вазорт, даъвати наваскарон аз якуми апрел оғоз ёфт ва то охири моҳи май идома мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.