Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2026
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ҳамин тавр, Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2026
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсиси артиши миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Лентаи хабарҳо
0