Раҳмон барои кормандони соҳаи технология ва коммуникатсия маоши иловагӣ таъйин кард

Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ" ба имзо расид.
Дар ин бора дафтарии матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба соҳаи технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ, такони ҷидди хоҳад.
Қайд карда шудааст, ки фармони мазкур идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.
Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд.
Ба кормандони соҳа, ки унвони илмӣ доранд, иловапулӣ ба андозаи 30% пардохт мегардад.
Мулоқот бо Тоқаеву Хачатурян: Раисҷумҳур бо ҳамтоёни қазоқу арманиаш чиро баррасӣ кард?
Қайд карда шудааст, ки ин санад на танҳо масъалаи ҳавасмандгардонии моддӣ, балки суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, дастгирии омӯзгорони фанҳои рақамӣ, кафолати амнияти иттилоот ва соҳибихтиёрии технологии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави рушд фаро мегирад.
Бо қабули санади мазкур низоми нави ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад, ки он на танҳо ба собиқаи корӣ, балки бевосита ба салоҳияти касбӣ ва сертификатсияи байналмилалии корманд вобастагӣ дорад.
Ин иқдом барои ташкили ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилооти кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Қайд карда шудааст, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.