ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Шартномаи 3,7 миллиард долларӣ барои мушакҳои зиддиҳавоии Patriot GEM-T, ки Артиши ИМА дар соли 2013 амалан аз он даст кашида буд, аз ҷониби пудратчии дифои амрикоӣ Raytheon ва Украина ба имзо расид, иттилоъ додааст “РИА Новости”.
Ин созишнома, ки 14 апрели соли 2026 имзо шудааст, истеҳсоли мушакҳои GEM-T-ро дар як корхонаи Олмон дар Шробенхаузен пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои хабаргузории РИА Новости дар соли 2013 Артиши ИМА аз истеҳсоли GEM-T даст кашида буд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин чунин ҳолат нест: дар моҳи январи соли 2024, Агентии хариди НАТО шартномаеро барои таъмини то 1000 мушаки GEM-T-и ба Олмон, Нидерландия, Руминия ва Испания имзо кард, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида аллакай аз мушакҳои PAC-3 MSE-и, ки муосиртаранд истифода мекунанд.
Қаблан, вазири дифои Украина Михаил Федоров эълон кард, ки пас аз натиҷаҳои гурӯҳи тамос оид ба Украина, кишварҳои аврупоӣ ба Киев барои мудофиаи фазои Украина ва қобилиятҳои зарбазанӣ 4,6 миллиард доллар, инчунин тақрибан 1 миллиард доллар барои ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Норвегия ва Нидерландия ваъда додаанд.