https://sputnik.tj/20260420/ukraina-mushakho-kuhnashudai-patriot-1076974387.html
Ба Украина мушакҳои кӯҳнашудаи Patriot медиҳанд
Ба Украина мушакҳои кӯҳнашудаи Patriot медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Хабаргузории “РИА Новости” хабар додааст, ки ба Украина мушакҳои кӯҳнашудаи Patriot ба маблағи 3,7 миллиард доллар дода мешавад
2026-04-20T20:21+0500
2026-04-20T20:21+0500
2026-04-20T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
мушак
падофанди ҳавоӣ
амалиёти вижа
шартнома
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074511318_0:167:3226:1982_1920x0_80_0_0_59640128707cf37e300543212faf5c3b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Шартномаи 3,7 миллиард долларӣ барои мушакҳои зиддиҳавоии Patriot GEM-T, ки Артиши ИМА дар соли 2013 амалан аз он даст кашида буд, аз ҷониби пудратчии дифои амрикоӣ Raytheon ва Украина ба имзо расид, иттилоъ додааст “РИА Новости”.Ин созишнома, ки 14 апрели соли 2026 имзо шудааст, истеҳсоли мушакҳои GEM-T-ро дар як корхонаи Олмон дар Шробенхаузен пешбинӣ мекунад.Ба иттилои хабаргузории РИА Новости дар соли 2013 Артиши ИМА аз истеҳсоли GEM-T даст кашида буд.Бояд гуфт, ки ин аввалин чунин ҳолат нест: дар моҳи январи соли 2024, Агентии хариди НАТО шартномаеро барои таъмини то 1000 мушаки GEM-T-и ба Олмон, Нидерландия, Руминия ва Испания имзо кард, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида аллакай аз мушакҳои PAC-3 MSE-и, ки муосиртаранд истифода мекунанд.Қаблан, вазири дифои Украина Михаил Федоров эълон кард, ки пас аз натиҷаҳои гурӯҳи тамос оид ба Украина, кишварҳои аврупоӣ ба Киев барои мудофиаи фазои Украина ва қобилиятҳои зарбазанӣ 4,6 миллиард доллар, инчунин тақрибан 1 миллиард доллар барои ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Норвегия ва Нидерландия ваъда додаанд.
https://sputnik.tj/20260420/lukashenko-zelenskiy-nadoshtani-tajriba-uhdai-ukraina-1076969705.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074511318_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_eac5e3c28c7921a0f641fbde0900aa10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, мушак, падофанди ҳавоӣ, амалиёти вижа, шартнома, има
украина, мушак, падофанди ҳавоӣ, амалиёти вижа, шартнома, има
Ба Украина мушакҳои кӯҳнашудаи Patriot медиҳанд
Хабаргузории “РИА Новости” хабар додааст, ки ба Украина мушакҳои кӯҳнашудаи Patriot ба маблағи 3,7 миллиард доллар дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Шартномаи 3,7 миллиард долларӣ барои мушакҳои зиддиҳавоии Patriot GEM-T, ки Артиши ИМА дар соли 2013 амалан аз он даст кашида буд, аз ҷониби пудратчии дифои амрикоӣ Raytheon ва Украина ба имзо расид, иттилоъ додааст “РИА Новости”.
Ин созишнома, ки 14 апрели соли 2026 имзо шудааст, истеҳсоли мушакҳои GEM-T-ро дар як корхонаи Олмон дар Шробенхаузен пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои хабаргузории РИА Новости дар соли 2013 Артиши ИМА аз истеҳсоли GEM-T даст кашида буд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин чунин ҳолат нест: дар моҳи январи соли 2024, Агентии хариди НАТО шартномаеро барои таъмини то 1000 мушаки GEM-T-и ба Олмон, Нидерландия, Руминия ва Испания имзо кард, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида аллакай аз мушакҳои PAC-3 MSE-и, ки муосиртаранд истифода мекунанд.
Қаблан, вазири дифои Украина Михаил Федоров эълон кард, ки пас аз натиҷаҳои гурӯҳи тамос оид ба Украина, кишварҳои аврупоӣ ба Киев барои мудофиаи фазои Украина ва қобилиятҳои зарбазанӣ 4,6 миллиард доллар, инчунин тақрибан 1 миллиард доллар барои ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Норвегия ва Нидерландия ваъда додаанд.