ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Он гуна, ки дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Sputnik Тоҷикистон дар робита ба эълони ахири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии мусофирбарӣ байни пойтахтҳои кишварҳо Тоҷикистон гуфтанд, ин мавзуъ ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст. Аммо сухан аз як хатсайри ҷадид намеравад, гуфтанд дар корхона.
“Мо хатсайри “Душанбе – Волгоград - Душанбе” – ро дорем, ки як гуна идомаи хатсайри қаблии “Душанбе-Маскав- Душанбе” буд. Ҳама дар ёд дорем, ки ин тағйирот баъд аз ҳамагирии коронавирус омад. Ҳоло бозгашт ба ҳамон низоми пешинаро ба баррасӣ гирифтаем”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як хатсайр аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае ду бор – душанбе ва чоршанбе ҳаракат мекунад.
“Ӯзбекистон қаблан хатсайри Маскавро барқарор карда буданд. Тоҷикистон акнун ин корро мекунад. Ҳол масъалаи мавриди баррасӣ ин аст, ки қатораҳои мо на дар Волгоград, балки Маскав таваққуф кунанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, огаҳони ҳол мегӯянд, ҳаракати қаторҳо ба Маскав ҳеҷ гоҳ як мушкили хос набуд, аммо воқеият ин буд, ки харҷи як мусофир аз ин ки мустақим ба Маскав равад ва аз ин ки дар Волгоград таваққуф ва аз он ҷо ба шаҳрҳои дигари Русия сафар кунад, фарқи ҷиддӣ дошт. Масалан, дар гузашта харҷи роҳ то Маскав бо назардошти навъҳои билет – шуруъ аз купеву платскарт то ҷойҳои канорӣ миёнгин 2500 сомониро ташкил медод, дар ҳоле ки то Волгоград ин рақам ба 1000 сомонӣ суқут мекунад.
Хатсайри “Душанбе-Маскав-Маскав-Душанбе” 17 марти соли 2020 дар пайи ҳамагирии коронавирус қатъ шуд. Он замон ба ҷуз Маскав, роҳи қаторҳои Тоҷикистон ба дигар шаҳрҳои Русия низ баста шуд.
Ин вазъ ду сол идома ёфта, моҳи августи соли 2022 ҳаракати қаторҳо ба тамоми хатсайрҳо, ба истиснои Маскав боз шуд.
Таҷдиди хатсайри “Душанбе-Маскав- Душанбе” як ҳафта қабл дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва котиби давлатӣ, муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Дмитрий Зверев баррасӣ шуда буд.