https://sputnik.tj/20260420/maskav-dushanbe-harakati-qatoraho-oghoz-1076974524.html
Байни Маскаву Душанбе ҳаракати қатораҳо аз нав оғоз мешавад? Посухи масъулин
Байни Маскаву Душанбе ҳаракати қатораҳо аз нав оғоз мешавад? Посухи масъулин
Sputnik Тоҷикистон
Дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имкони аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳо байни Маскав ва Душанберо шарҳ доданд
2026-04-20T18:56+0500
2026-04-20T18:56+0500
2026-04-20T19:09+0500
дар тоҷикистон
қатор
нақлиёт
маскав
русия
ҳаракат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Он гуна, ки дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Sputnik Тоҷикистон дар робита ба эълони ахири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии мусофирбарӣ байни пойтахтҳои кишварҳо Тоҷикистон гуфтанд, ин мавзуъ ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст. Аммо сухан аз як хатсайри ҷадид намеравад, гуфтанд дар корхона.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як хатсайр аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае ду бор – душанбе ва чоршанбе ҳаракат мекунад.Дар ҳамин ҳол, огаҳони ҳол мегӯянд, ҳаракати қаторҳо ба Маскав ҳеҷ гоҳ як мушкили хос набуд, аммо воқеият ин буд, ки харҷи як мусофир аз ин ки мустақим ба Маскав равад ва аз ин ки дар Волгоград таваққуф ва аз он ҷо ба шаҳрҳои дигари Русия сафар кунад, фарқи ҷиддӣ дошт. Масалан, дар гузашта харҷи роҳ то Маскав бо назардошти навъҳои билет – шуруъ аз купеву платскарт то ҷойҳои канорӣ миёнгин 2500 сомониро ташкил медод, дар ҳоле ки то Волгоград ин рақам ба 1000 сомонӣ суқут мекунад.Хатсайри “Душанбе-Маскав-Маскав-Душанбе” 17 марти соли 2020 дар пайи ҳамагирии коронавирус қатъ шуд. Он замон ба ҷуз Маскав, роҳи қаторҳои Тоҷикистон ба дигар шаҳрҳои Русия низ баста шуд.Ин вазъ ду сол идома ёфта, моҳи августи соли 2022 ҳаракати қаторҳо ба тамоми хатсайрҳо, ба истиснои Маскав боз шуд.Таҷдиди хатсайри “Душанбе-Маскав- Душанбе” як ҳафта қабл дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва котиби давлатӣ, муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Дмитрий Зверев баррасӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20220809/narkh-qatora-tojikiston-rusiya-1050599522.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қатор, нақлиёт, маскав, русия, ҳаракат
дар тоҷикистон, қатор, нақлиёт, маскав, русия, ҳаракат
Байни Маскаву Душанбе ҳаракати қатораҳо аз нав оғоз мешавад? Посухи масъулин
18:56 20.04.2026 (Навсозишуда: 19:09 20.04.2026) Эксклюзив
Дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имкони аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳо байни Маскав ва Душанберо шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Он гуна, ки дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Sputnik Тоҷикистон дар робита ба эълони ахири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии мусофирбарӣ байни пойтахтҳои кишварҳо Тоҷикистон гуфтанд, ин мавзуъ ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст. Аммо сухан аз як хатсайри ҷадид намеравад, гуфтанд дар корхона.
“Мо хатсайри “Душанбе – Волгоград - Душанбе” – ро дорем, ки як гуна идомаи хатсайри қаблии “Душанбе-Маскав- Душанбе” буд. Ҳама дар ёд дорем, ки ин тағйирот баъд аз ҳамагирии коронавирус омад. Ҳоло бозгашт ба ҳамон низоми пешинаро ба баррасӣ гирифтаем”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як хатсайр аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае ду бор – душанбе ва чоршанбе ҳаракат мекунад.
“Ӯзбекистон қаблан хатсайри Маскавро барқарор карда буданд. Тоҷикистон акнун ин корро мекунад. Ҳол масъалаи мавриди баррасӣ ин аст, ки қатораҳои мо на дар Волгоград, балки Маскав таваққуф кунанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, огаҳони ҳол мегӯянд, ҳаракати қаторҳо ба Маскав ҳеҷ гоҳ як мушкили хос набуд, аммо воқеият ин буд, ки харҷи як мусофир аз ин ки мустақим ба Маскав равад ва аз ин ки дар Волгоград таваққуф ва аз он ҷо ба шаҳрҳои дигари Русия сафар кунад, фарқи ҷиддӣ дошт. Масалан, дар гузашта харҷи роҳ то Маскав бо назардошти навъҳои билет – шуруъ аз купеву платскарт то ҷойҳои канорӣ миёнгин 2500 сомониро ташкил медод, дар ҳоле ки то Волгоград ин рақам ба 1000 сомонӣ суқут мекунад.
Хатсайри “Душанбе-Маскав-Маскав-Душанбе” 17 марти соли 2020 дар пайи ҳамагирии коронавирус қатъ шуд. Он замон ба ҷуз Маскав, роҳи қаторҳои Тоҷикистон ба дигар шаҳрҳои Русия низ баста шуд.
Ин вазъ ду сол идома ёфта, моҳи августи соли 2022 ҳаракати қаторҳо ба тамоми хатсайрҳо, ба истиснои Маскав боз шуд.
Таҷдиди хатсайри “Душанбе-Маскав- Душанбе” як ҳафта қабл дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва котиби давлатӣ, муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Дмитрий Зверев баррасӣ шуда буд.