Эълони нархи чиптаи қатора аз Тоҷикистон ба Русия: гарон ё арзон?

© Вазортаи нақлиёти ҶТҚатораи Тоҷикистони озими Русия
Қатораи Тоҷикистони озими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нархи чиптаи қатораи самти Тоҷикистон - Русияро эълон кард. Ин ниҳод гуфт, нахри чипта чӣ гуна муайян карда мешавад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз яку ним ҳазор сомонӣ сар мешавад.
Дар дафтари матбуоти Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки қимати хатсайри Кулоб – Волгоград дар масофаи 3 362 км тариқи пласкарт - 1581 сомонӣ, купе - 2030 сомонӣ ва нархи чиптаи хатсайри Душанбе – Волгоград дар масофаи 3111 километр тариқи пласкарт 1434 ва купе – 1856 сомонӣ муқаррар шуд.
“Нархи билетҳо аз рӯи курси франки швейтсарӣ, ки дар низоми ҷаҳонии роҳи оҳан роиҷ аст, маълум мешавад. Агар курси ин пул ба таври назаррас тағйир кунад, нархи билетҳо ҳам пойину боло хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, ҳамзамон Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳоло бо мақомоти зидахл дар кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия вориди музокирот шудааст, то сари масъалаи тахфифҳо низ ба як иттифоқи назар расида шавад.
Аз Русия ба Тоҷикистон хатсайри нави ҳавоӣ кушода мешавад
“Мо инро ҳам дар назар дорем, ки дар робита бо замони харида шудани билет тахфиф дар нархҳо низ ҷорӣ шавад. Дар ҳоли комёб шудан ин интизорро дорем, ки дар қимати билетҳо аз 20 то 50% тахфиф ояд, яъне ҳар қадар барвақт билет харидорӣ шавад, ҳамон қадар тахфиф бештар мешавад”, - гуфт манбаъ.
Қарор аст, нахустин қатора пас аз маҳдудияти дусола рӯзи 16 августи соли равон, соати 00:10 дар хатсайри "Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб", 27 август дар хатсайри "Душанбе – Волгоград -Душанбе" ва 7 сентябр дар хатсайри "Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд" ба роҳ мебарояд.
Ин дар ҳолест, ки нархи чиптаи ҳавопаймои самти Русия якбора гарон шуд.
Ҳаракати аввалин қатори Тоҷикистон ба самти Русия 11 рӯз пас оғоз мешавад
Ҳамин тавр, агар моҳе пеш арзиши чиптаи самти Русия аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ нарх дошт, ирӯзҳо ба қимати 5 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам бештар, фурӯхта мешаванд.
Коршиносон афзоиши якбораи нархи чиптаи самти Русияро ба талаботи зиёди мардум рабт медиҳанд. Тирамоҳ мавсими бозгашти хонандагони ба таътилрафта ва сафари донишҷӯён ба Русия аст.
Лентаи хабарҳо
0