Як деҳа дар ноҳияи Дӯстӣ аз пестидсидҳо поксозӣ шуд

Поксозии мавзеъҳои олуда дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Поксозии як мавзеъи олуда аз пестидсидҳо дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар джодааст.
Ба иттилои манбаъ ин иқдом бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, қаблан дар ин минтақа анбори техникаи кишоварзӣ ва ҷойи дафни пестисидҳои куҳна мавҷуд буд.
“Бо гузашти вақт дар ҳамин мавзеъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, сокинон зиндагӣ мекарданд. Бо мақсади муайян намудани ҳолати экологӣ, мутахассисон таҳқиқоти саҳроӣ анҷом дода, дар натиҷа як макони калони дафни моддаҳои заҳрнокро ошкор намуданд”, - қайд намудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни корҳои поксозӣ тақрибан 5,5 тонна пестисид ва 537 тонна хокҳои олудашуда ҷамъоварӣ гардида, ба полигони махсуси Вахш барои нигоҳдорӣ ва безараргардонӣ интиқол дода шуданд.
Чӣ гуна Русия Осиёи Марказиро аз радиатсия поксозӣ мекунад
Қайд карда шудааст, ки айни замон ин минтақа барои зиндагии аҳолӣ бехатар арзёбӣ мегардад.