https://sputnik.tj/20240717/rusiya-osiyoi-markaziro-radiatsiya-poksozi-1063558342.html
Чӣ гуна Русия Осиёи Марказиро аз радиатсия поксозӣ мекунад
Чӣ гуна Русия Осиёи Марказиро аз радиатсия поксозӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
"Росатом" безараргардонии як қатор партовгоҳҳои ураниумро дар Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дода, нақшаҳо зиёде ҳам дар ин самт дорад
2024-07-17T09:34+0500
2024-07-17T09:34+0500
2024-07-17T09:34+0500
дар тоҷикистон
партовгоҳ
осиёи марказӣ
русия
поксозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/09/1022980926_0:102:1985:1219_1920x0_80_0_0_249f9bb7b53e75ff8cd9bbd163b2d975.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар солҳои 2025-2028 Русия барои тоза кардани заминҳои Тоҷикистон аз изи уран 1,56 миллиард рубл ҷудо мекунад, омадааст дар фармони нахуствазири Русия Михаил Мишустин, ки охири моҳи июн ба имзо расидааст.Авохири солҳои 40-ум ва ибтидои солҳои 50-уми асри ХХ азхудкунии босуръати конҳои уран дар ҶШС Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин дар Федератсияи Русия оғоз ёфт. Ҳангоми фаъолияти корхонаҳои саноати уран дар ҳудуди онҳо партовҳои хатарнок ҷамъ шуданд.Барои таъмини амнияти радиатсионӣ дар мавзеъҳои собиқ корхонаҳои истихроҷ ва коркарди уран соли 2012 Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барномаи байнидавлатии беҳдошти ҳудудҳоро тасдиқ карданд.То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор партовгоҳи (иншоотҳое, ки барои нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ ва заҳролуд пас аз ғанисозии маъданҳо истифода мешаванд) майдони саноатии Табошар дар наздикии шаҳри Истиқлол ба тартиб дароварда шуда, лоиҳаи бузург барои беҳдошти ҳолати партовгоҳи корхонаи маъдани пзаъиф анҷом ёфт.Чорабиниҳои техникии Русия имкон медиҳанд, ки на танҳо партовгоҳҳои кӯҳна ба ҳолати комилан бехатар оварда шаванд, балки таъсири мусбати трансмиллиро таъмин кунанд, қайд кард Росатом."Бо истифода аз технологияҳое, ки хатари шусташавии моддаҳои радиоактивӣ аз партовгоҳҳои кӯҳнаро аз байн мебаранд, бехатарии рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қаламрави чанд кишвар ҷорӣ мешаванд, таъмин карда мешавад, ки ин ба вазъи экологии тамоми минтақа таъсири мусбат мерасонад", - иброз доштанд дар Росатом.
https://sputnik.tj/20240629/rusiya-poksozii-zaminho-tojikiston-osor-uran-mlrd-rubl-judo-1063383995.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/09/1022980926_112:0:1873:1321_1920x0_80_0_0_fd66e0c0382a2858c27fa873d9b6dd04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, партов, радиатсия, осиёи марказӣ, поксозӣ
тоҷикистон, русия, партов, радиатсия, осиёи марказӣ, поксозӣ
Чӣ гуна Русия Осиёи Марказиро аз радиатсия поксозӣ мекунад
"Росатом" безараргардонии як қатор партовгоҳҳои ураниумро дар Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дода, нақшаҳои зиёде ҳам дар ин самт дорад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар солҳои 2025-2028 Русия барои тоза кардани заминҳои Тоҷикистон аз изи уран 1,56 миллиард рубл ҷудо мекунад, омадааст дар фармони нахуствазири Русия Михаил Мишустин, ки охири моҳи июн ба имзо расидааст.
Авохири солҳои 40-ум ва ибтидои солҳои 50-уми асри ХХ азхудкунии босуръати конҳои уран дар ҶШС Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин дар Федератсияи Русия оғоз ёфт. Ҳангоми фаъолияти корхонаҳои саноати уран дар ҳудуди онҳо партовҳои хатарнок ҷамъ шуданд.
Барои таъмини амнияти радиатсионӣ дар мавзеъҳои собиқ корхонаҳои истихроҷ ва коркарди уран соли 2012 Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барномаи байнидавлатии беҳдошти ҳудудҳоро тасдиқ карданд.
То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор партовгоҳи (иншоотҳое, ки барои нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ ва заҳролуд пас аз ғанисозии маъданҳо истифода мешаванд) майдони саноатии Табошар дар наздикии шаҳри Истиқлол ба тартиб дароварда шуда, лоиҳаи бузург барои беҳдошти ҳолати партовгоҳи корхонаи маъдани пзаъиф анҷом ёфт.
Чорабиниҳои техникии Русия имкон медиҳанд, ки на танҳо партовгоҳҳои кӯҳна ба ҳолати комилан бехатар оварда шаванд, балки таъсири мусбати трансмиллиро таъмин кунанд, қайд кард Росатом.
"Бо истифода аз технологияҳое, ки хатари шусташавии моддаҳои радиоактивӣ аз партовгоҳҳои кӯҳнаро аз байн мебаранд, бехатарии рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қаламрави чанд кишвар ҷорӣ мешаванд, таъмин карда мешавад, ки ин ба вазъи экологии тамоми минтақа таъсири мусбат мерасонад", - иброз доштанд дар Росатом.