https://sputnik.tj/20260404/deha-nohiyai-dusti-pestisidho-poksozi-1076606735.html
Як деҳа дар ноҳияи Дӯстӣ аз пестидсидҳо поксозӣ шуд
Як деҳа дар ноҳияи Дӯстӣ аз пестидсидҳо поксозӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Поксозии мавзеъҳои олуда дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расид
2026-04-04T16:51+0500
2026-04-04T16:51+0500
2026-04-04T19:07+0500
дар тоҷикистон
муҳити зист
экология
поксозӣ
дӯстӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076606334_0:311:960:851_1920x0_80_0_0_4ce13233db0b70204879d0b6afe69acc.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Поксозии як мавзеъи олуда аз пестидсидҳо дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуд.Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар джодааст.Ба иттилои манбаъ ин иқдом бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" сурат гирифтааст.Ба иттилои манбаъ, қаблан дар ин минтақа анбори техникаи кишоварзӣ ва ҷойи дафни пестисидҳои куҳна мавҷуд буд.“Бо гузашти вақт дар ҳамин мавзеъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, сокинон зиндагӣ мекарданд. Бо мақсади муайян намудани ҳолати экологӣ, мутахассисон таҳқиқоти саҳроӣ анҷом дода, дар натиҷа як макони калони дафни моддаҳои заҳрнокро ошкор намуданд”, - қайд намудааст манбаъ.Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни корҳои поксозӣ тақрибан 5,5 тонна пестисид ва 537 тонна хокҳои олудашуда ҷамъоварӣ гардида, ба полигони махсуси Вахш барои нигоҳдорӣ ва безараргардонӣ интиқол дода шуданд.Қайд карда шудааст, ки айни замон ин минтақа барои зиндагии аҳолӣ бехатар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20240717/rusiya-osiyoi-markaziro-radiatsiya-poksozi-1063558342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076606334_0:356:960:1076_1920x0_80_0_0_4034ef5cc203b333bc90cea441ef986d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳити зист, экология, поксозӣ, дӯстӣ
дар тоҷикистон, муҳити зист, экология, поксозӣ, дӯстӣ
Як деҳа дар ноҳияи Дӯстӣ аз пестидсидҳо поксозӣ шуд
16:51 04.04.2026 (Навсозишуда: 19:07 04.04.2026) Поксозии мавзеъҳои олуда дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Поксозии як мавзеъи олуда аз пестидсидҳо дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар джодааст.
Ба иттилои манбаъ ин иқдом бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, қаблан дар ин минтақа анбори техникаи кишоварзӣ ва ҷойи дафни пестисидҳои куҳна мавҷуд буд.
“Бо гузашти вақт дар ҳамин мавзеъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, сокинон зиндагӣ мекарданд. Бо мақсади муайян намудани ҳолати экологӣ, мутахассисон таҳқиқоти саҳроӣ анҷом дода, дар натиҷа як макони калони дафни моддаҳои заҳрнокро ошкор намуданд”, - қайд намудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни корҳои поксозӣ тақрибан 5,5 тонна пестисид ва 537 тонна хокҳои олудашуда ҷамъоварӣ гардида, ба полигони махсуси Вахш барои нигоҳдорӣ ва безараргардонӣ интиқол дода шуданд.
Қайд карда шудааст, ки айни замон ин минтақа барои зиндагии аҳолӣ бехатар арзёбӣ мегардад.