ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа рост омада, тоҷикистониён бо ҷашни Наврӯз 10 рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.
Бояд гуфт, ки қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон карда буд, ки эҳтиомл дорад Рамазон 29 рӯз давом кунад ва Ид рӯзи 20 март таҷлил хоҳад шуд.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.