https://sputnik.tj/20260317/malum-shud-tojikiston-idi-ramazon-jashn-1076105781.html
Маълум шуд, ки Тоҷикистон кай Иди Рамазонро ҷашн мегирад
Маълум шуд, ки Тоҷикистон кай Иди Рамазонро ҷашн мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
2026-03-17T12:44+0500
2026-03-17T12:44+0500
2026-03-17T12:44+0500
дар тоҷикистон
ислом
мусалмонон
иди рамазон
таҷлил
шӯрои уламои тоҷикистон
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075432158_0:185:1280:905_1920x0_80_0_0_0e4bd440dd385a39165bb563e0fd6da9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа рост омада, тоҷикистониён бо ҷашни Наврӯз 10 рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.Бояд гуфт, ки қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон карда буд, ки эҳтиомл дорад Рамазон 29 рӯз давом кунад ва Ид рӯзи 20 март таҷлил хоҳад шуд.Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20260306/ramazon-tojikiston-idi-fitr-malum-1075832809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075432158_38:0:1244:905_1920x0_80_0_0_1542cb9f36ce003c098cd9d6382cfa93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ислом, мусалмонон, иди рамазон, таҷлил, шӯрои уламои тоҷикистон, дин ва оин
дар тоҷикистон, ислом, мусалмонон, иди рамазон, таҷлил, шӯрои уламои тоҷикистон, дин ва оин
Маълум шуд, ки Тоҷикистон кай Иди Рамазонро ҷашн мегирад
Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа рост омада, тоҷикистониён бо ҷашни Наврӯз 10 рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.
Бояд гуфт, ки қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон карда буд, ки эҳтиомл дорад Рамазон 29 рӯз давом кунад ва Ид рӯзи 20 март таҷлил хоҳад шуд.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.