https://sputnik.tj/20260306/ramazon-tojikiston-idi-fitr-malum-1075832809.html
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад буд?
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи "Истиқлол" Беҳрӯзи Сайфулло иттилоъ дод, ки имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз идома мекунад.
2026-03-06T17:53+0500
2026-03-06T17:53+0500
2026-03-06T18:23+0500
дар тоҷикистон
рамазон
моҳи шарифи рамазон
саидмукаррам абдулқодирзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075166045_0:397:2695:1913_1920x0_80_0_0_e440908e872f912efb79e966ab457107.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.Дар ин бора, аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Дар баробари ин, ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард.Ба гуфтаи ӯ, баъзе хабару овозаҳо дар бораи эҳтимоли 29 рӯз будани моҳи Рамазон дуруст мебошанд ва ин ҳолат аз нигоҳи таҷриба ва ҳисобҳои илмию тақвимӣ низ асос дорад, гуфт ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Истиқлол".Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард. Муфтии Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд ва аз ин ҳолат изтироб накашанд.Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи қарорҳо бар асоси ҳисобҳои дақиқи тақвимӣ ва меъёрҳои шаръӣ гирифта мешаванд.
https://sputnik.tj/20260219/solim-bekhatar-pizishki-tojik-mohi-ramazon-ruza-girift-1075411052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075166045_7:0:2688:2011_1920x0_80_0_0_bfae337d5c7fb19d4282223ec3412485.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рамазон, моҳи шарифи рамазон, саидмукаррам абдулқодирзода
дар тоҷикистон, рамазон, моҳи шарифи рамазон, саидмукаррам абдулқодирзода
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад буд?
17:53 06.03.2026 (Навсозишуда: 18:23 06.03.2026) Эксклюзив
Эҳтимол дорад, ки иди Рамазон дар Тоҷикистон на 20 -уми март балки 19 март таҷлил шавад
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.
Дар ин бора, аз Кумитаи дин ба
Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, баъзе хабару овозаҳо дар бораи эҳтимоли 29 рӯз будани моҳи Рамазон дуруст мебошанд ва ин ҳолат аз нигоҳи таҷриба ва ҳисобҳои илмию тақвимӣ низ асос дорад, гуфт ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Истиқлол".
"Азбаски ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ — Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30-рӯзӣ омаданд, мувофиқи таҷриба, илму мантиқ моҳи сеюм одатан 29 рӯз мешавад", — изҳор дошт ӯ.
Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.
Муфтии Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд ва аз ин ҳолат изтироб накашанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи қарорҳо бар асоси ҳисобҳои дақиқи тақвимӣ ва меъёрҳои шаръӣ гирифта мешаванд.