Муҳсин Муҳаммадиев даргузашт

Муҳсин Муҳаммадиев - легендаи футболи тоҷик, футболбози собиқи дастаи "Помир" шаби 1 январ аз олам чашм пӯшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Ҳамлагари собиқи дастаи "Помир” ва “Спартак"-и Маскав Муҳсин Муҳаммадиев дар паи бемории тӯлонӣ дар синни 60 солагӣ даргузашт.
Дар ин бора, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон сабаби даргузашти легендаи футболи тоҷикро бемории вазнин гуфта, ба аҳли хонавода ва наздикони ӯ изҳори таслият кардааст.

"Муҳсин Муслимович Муҳаммадиев пас аз бемории вазнин дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Муҳаммадиев дар рушди футболи тоҷик саҳми бебаҳо гузоштааст ва дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба оила ва дӯстони марҳум изҳори тасаллияти самимӣ мекунад", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки пештар ҳамсари марҳум Моҳир Муҳамадиев хабар дода буд, ки Муҳаммадиев ба дастгоҳи нафаскашӣ сунъӣ пайват аст.
Муҳсин Муҳамадиев, моҳи феврали соли 2025 сактаи мағзӣ аз сар гузаронд. Дар нимаи моҳи ноябр ӯ дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ шуда, ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда шуда буд.
Муҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар буд.
Дар дастаҳои машҳур, монанди "Помир" (Душанбе) — 1985-1991, "Локомотив" (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, "Спартак" (Маскав) – 1994-1995, "Локомотив" (Нижний Новгород) – 1996-1997, "Аустрия" (Вена) – 1997-1998, "Торпедо" (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати "Спартак" соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.
Куҳансарбозон, ҳунармандон ва варзишкорон: киҳоро Тоҷикистон дар соли 2025 аз даст дод
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми "Витяз" (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 "Витяз" бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи "Марказ" гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи "Рубин"-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
Ӯ баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми "АФК-2017" роҳ ёфт.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, 22-юми майи соли 2018 аз вазифааш истеъфо дод.