Куҳансарбозон, ҳунармандон ва варзишкорон: киҳоро Тоҷикистон дар соли 2025 аз даст дод

© Getty Images / Thanasis BounasГорящие свечи
Горящие свечи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон афроди беназири Тоҷикистонро, ки дар соли 2025 аз олам чашм пӯшиданд, ёдоварӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 дек - Sputnik. Дар соли 2025 ҷаҳон талафоти ҷуброннопазирро аз сар гузаронд: бисёр шахсони барҷаста аз олам даргузаштанд - ҳунармандон, овозхонҳо, мусиқинавозон, олимон, ки миллионҳо нафар онҳоро дар ёд доранд.
Дар Тоҷикистон дар соли 2025 чандин чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг, собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ ва мақомдорони баландпоя ҷони худро аз даст доданд.
Сабаби даргузашти аксарият беморӣ буда, бархеи дигар бо амри тақдир ҷон ба ҳақ супурданду, чанде ҳам дар паи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Sputnik Тоҷикистон ба ёд овард, ки соли сипаришуда, кадом чеҳраҳои мондагорро аз миёни мо гулчин кард.

Даргузашти варзишкорони моҳир

Соҳаи варзиши Тоҷикистон дар соли 2025 талафоти бузург дошт. Собиқадорони футболу муштзанҳои моҳир ин дунёро падрӯд гуфтанд. Сабаби марги ҳамаи варзишкорон, беморӣ гуфта шуд.
Ҳамин тавр, собиқадори футболи тоҷик Олег Хаби дар синни 85-солагӣ даргузашт. Марҳум дар Маскав муддати тӯлонӣ бемор буд. Хаби устоди варзиши ИҶШС буда, ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Помир"-и лигаи дуюм ва якуми класси "А"-и ИҶШС баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.
Олег Хаби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Олег Хаби
Пас аз анҷоми корномаи бозигарӣ, Хаби ба ҳайси мураббӣ дар "Помир", "Ротор"-и Волгоград ва "Локомотив"-и Маскав фаъолият намудааст.
Собиқадори дигари футболи тоҷик Сергей Арслонов, дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт.
© Foto / ФК "Бунёдкор"Сергей Арсланов
Сергей Арсланов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Сергей Арсланов
Арслонов дар гузашта дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва соли 1988 дар ҳайати даста ғолиби Лигаи якуми ИҶШС гардидааст.
Варзиши тоҷик Фаррух Ҳамдамов, мураббии шоистаи тоҷик ва устоди варзиши СССР оид ба боксро дар синнӣ 60-солагӣ, аз даст дод.
© Foto / СоцсетиФаррух Хамдамов
Фаррух Хамдамов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Фаррух Хамдамов
Ҳамдамов 17 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар корномаи варзишияш 290 набард ва 240 пирӯзӣ дорад. Ӯ тайи солҳои охир ба тамрину омодасозии муштзанҳои ҷавон машғул буд.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар қиёс бо варзишкорон, ки ҷони худро аз сабаби беморӣ дар синни наонқадар бузургсолӣ аз даст доданд, собиқадорони ҶБВ умри дароз диданд. Корномаи қаҳрамононаи онҳо барои ҳамаи насли имрӯз намунаи ибрат боқӣ хоҳад монд.
Ҳамин тавр, бо амри тақдир, охирин иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Мастчоҳ Ҳотамбек Шокиров дар синни 99 даргузашт.
© SputnikХотамбек Шокиров
Хотамбек Шокиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Хотамбек Шокиров
Мухтор Заргаров, собиқадори ҷанги Душанбе, дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт. Бо марги ӯ дар пойтахти Тоҷикистон танҳо як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ монд.
© Foto / Солдат РоссииМухтор Заргаров
Ветеран Великой Отечественной войны Мухтор Заргаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Мухтор Заргаров
Инчунин, собиқадори меҳнат, Карим Рашид дар синни 113-солагӣ, аз олам даргузашт. Карим Рашид соли 1912 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаи шаддиди Сталинград иштирок ва дар ҳайати полки 204-уми артиллерии фронти якуми Украина ҷангида, то ба Прага ва Берлин рафтааст.
© SputnikКарим Рашид
Карим Рашид, ветеран Великой Отечественной войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Карим Рашид
Ҳамчунин, Олег Соболев, собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар синни 17-солагӣ ба фронт рафт, низ оламро падрӯд гуфт. Қаҳрамони дифои Ленинград ва набардҳо барои озод кардани Прага, яке аз мухбирони куҳансоли ҷумҳурӣ, ки беш аз 50 сол дар Агентии телеграфи Тоҷикистон (ҳоло "Ховар") кор кардааст, дар иҳотаи оилааш аз олам чашм пӯшид.
© Foto / Пресс-служба ЦВООлег Соболев
Ветеран Великой Отечественной войны (ВОВ) Олег Дмитриевич Соболев из Таджикистана в 97-летнем возрасте написал книгу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Олег Соболев
Дар соли 2025, дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳафт собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузаштанд. Аз ҶШС Тоҷикистон 300 ҳаз. нафар барои дифоъ аз ватани худ ба фронт даъват шуда буданд, ки аз онҳо тақрибан 100 ҳаз. нафар дигар ба хона барнагаштанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 12 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.

Даргузашти аҳли илми фарҳанг

Талафоти бузарг дар соли 2025 дар Тоҷикистон дар соҳаи илму фарҳанг ба қайд гирифта шуд. Бо сабабҳои гуногун олимон, нависандагон ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз олам даргузаштанд, ки ин барои ҷумҳурӣ талафоти ҷуброннопазир гардид.
Ҳамин тавр, раққоса ва балетмейстери барҷастаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон Гавҳар Мирҷумъаева дар синни 84-солагӣ даргузашт. Ба корномаи санъати ҳунарманди халқӣ рақсҳои фарҳангии гуногун дохил шуда, санъати миллиро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ кардааст.
© Foto / СоцсетиГавхар Миржумаева
Гавхар Миржумаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Гавхар Миржумаева
Ҳамчунин, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи шинохтаи тоҷик Ҳабиб Саид, ки дар Русия ба сар мебурд, даргузашт.
© Foto / Из личного архива Хабиба СаидаХабиб Саид
Таджикский писатель, журналист и блогер Хабиб Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Хабиб Саид
Ӯ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ менавишт, китобҳои "Гуманоид субҳгоҳон пайдо мешавад" ва "Итолиёвӣ, хола ва Золушка"-ро навиштааст ва яке аз он камшумороне буд, ки дар солҳои охир ҳаёти худро ба омӯзиш ва таблиғи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла мусиқии анъанавӣ, бахшидааст. Ҳабиб писари нависандаи машҳури тоҷик Лутфӣ Саид буд.
Ромиши Шералӣ писари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ дар синни 54 солагӣ дар паи бемории қалб, аз дунё даргузашт. Ӯ солҳои зиёд ба кор бо китобҳо, таҳрир ва тарроҳии нашрияҳо машғул буд.
© Foto / Из личного архива ШералиЛоик Шерали с Ромишем Шерали
Лоик Шерали с Ромишем Шерали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Лоик Шерали с Ромишем Шерали
Светлана Ивановна Герасименко астрофизики шинохтаи Шӯравию Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Вай яке аз кашшофони ситораи думдор Чурюмов-Герасименко буд.
CC BY 2.0 / DLR German Aerospace Center / Svetlana Gerasimenko PortraitСветлана Герасименко
Светлана Ивановна Герасименко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Светлана Герасименко
Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Тоҷикистон ба Душанбе кӯчид. Вай ҳамчун корманди илмӣ дар институт кор мекард ва ситораҳои думдорро мушоҳида менамуду меомӯхт. Соли 2017 Герасименко ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро ба даст овард.
Донишманди дигари тоҷик - Азим Байзоев устоди ДМТ дар синни 65 солагӣ даргузашт. Байзоев муаллифи чанд китоби дарсӣ дар бораи омӯзиши хатти ниёгон ва чандин осори илмӣ дар бораи низоми таҳсил дар Тоҷикистон буд.
© Foto / СоцсетиАзим Байзоев
Азим Байзоев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Азим Байзоев
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев дунёро дар синни 70 падруд гуфт.
© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиАсланшох Рахматуллоев
Народный артист Таджикистана Асланшох Рахматуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Асланшох Рахматуллоев
Ӯ дар намоишномаҳои театрӣ ба монанди "Ҳамлет", "Корвони бахт", "Ҳодисаҳои ғайриоддӣ", "Қолини кабуд", "Подшоҳ Лир", "Роҳзанон", "Мардон гиря намекунанд", "Ҳангоми хоби шаҳр" ва "Ғуруби аҷиби офтоб" бомуваффақият нақш офаридааст.
Раҳматуллоев инчунин дар беш аз 21 филм, аз ҷумла филмҳои байналмилалӣ, нақш бозидааст. Соли 1998 ба ӯ унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ дода шуд.
Ҳунарпешаи дигари мардумии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов, ки Мардонов, ки асосан дар театрҳои Лоҳутӣ ва Оина фаъолият дошт, дар синни 85-солагӣ дунёро тарк кард.
© Foto / СоцсетиСаидмурод Мардонов
Саидмурод Мардонов, Народный артист Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Саидмурод Мардонов
Ӯ дар беш аз 100 намоишномаи театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз кӯдакӣ, нақшҳои ҳаҷвии Мардонов дар Тоҷикистон хотираҳои хуш боқӣ гузоштаанд.
Тамара Абдушукурова, профессор ва собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ даргузашт.
© Foto / Открытые источникиТамара Абдушукурова
Тамара Абдушукурова собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Тамара Абдушукурова
Вай аз студияи тоҷикии Институти санъати театрии Русия (ГИТИС) хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар театри Лаҳутӣ дар Душанбе кор кардааст. Абдушукурова инчунин дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон дар кафедраи театр ва санъат дарс додааст. Вай аз соли 1990 то 1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Вазорати фарҳанг марги Абдушукуроваро талафоти ҷуброннопазир барои санъат номид.
Ҳамчунин, Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи хушноми тоҷик дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла дар "Ҷумҳурият" аз соли 1993 ин ҷониб фаъолият дошт.
Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури "Дурӯғи шабнам" (1993), "Чароғи ошноӣ" (1997), "Ҷилваи як нола" (1998), "Нусхаи парешонӣ" (2000), "Рӯшноӣ" (2003), "Фиреби меҳр" (2003), 'Хилвати Оина" (2005), "Духтари афсонаҳо" (2006) гирд омадаанд.
© Foto / СоцсетиАбдулкодир Рахим
Абдулкодир Рахим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Абдулкодир Рахим
Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Кароматулло Мирзо дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ яке аз сермаҳсултарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик буд. Осори ӯ дар байни олимон ва хонандагони тоҷик хеле маъмул боқӣ мемонад.
Кароматулло Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Кароматулло Мирзо
Озод Маликов - коргардони тоҷик бошад, дар синни 60 ин оламро падруд гуфт. Ӯ узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд.
Марҳум хатмкардаи факултети театрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Мактаби коргардонии Амстердам буда, дар театр- коргоҳи "Нимҷазира", "Тоҷикфилм", телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.
© Foto / Соцсети Озод Маликов
 Озод Маликов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Озод Маликов

Мақомдорони баландпоя

Дар соли 2025, якчанд мансабдорони собиқ ва кунунӣ вафот карданд. Аксари онҳо аз беморӣ ва баъзеи дигар дар садамаҳои нақлиётӣ фавтиданд.
Ҳамин тавр, директори "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода дар паи беморӣ даргузашт. Абдулваҳобзода аз соли 2020 роҳбарии "Тоҷикстандарт"-ро ба уҳда дошт.
© Sputnik / Амир ИсаевТемурджон Абдулвахобзода
Директор Таджикстандарта Темурджон Абдулвахобзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Темурджон Абдулвахобзода
Ҳамчунин, Сафаралӣ Наҷмиддин, собиқ вазири молияи Тоҷикистон низ имсол ҷон ба ҳақ супурд.
© Foto / Радио ОзодиСафарали Наджмиддинов
Сафарали Наджмиддинов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Сафарали Наджмиддинов
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ӯ муддати тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Марҳилаи калидии фаъолияти Сафаралӣ Наҷмиддин давраи вазири молияи кишвар буд, ки ӯ дар ин вазифа 13 сол, аз соли 2000 то 2013, кор кардааст. Барои хизматаш бо ордени Шараф дараҷаи якум сарфароз гардонида шудааст.
Шарифзода Бадриддин, судяи суди вилояти Суғд, зимни як сонеҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ даргузашт. Марҳум фарди ботаҷриба дар низоми додгоҳии Тоҷикистон буда, тақрибан 30 сол дар ин соҳа дар мақомҳои гуногун фаъолият дошт.
© Foto / СоцсетиШарифзода Бадриддин
Шарифзода Бадриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Шарифзода Бадриддин
Генерал-полковник, Иззатулло Шарифзода, собиқ сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон маъруф бо лақаби "Зорро", дар синни 72 солагӣ даргузашт. Марҳум муддати 8 сол, аз соли 1997 то 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ фаъолият доштааст. Баъдан то соли 2018 роҳбарии идораи зиндонҳои Тоҷикистонро ба уҳда доштааст.
© Foto / СоцсетиИззатулло Шарифзода
Иззатулло Шарифзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Иззатулло Шарифзода
Ҳамчунин дар соли 2025 собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон Турсунбой Раҳматов аз олам чашм пӯшид.
© Foto / СоцсетиТурсунбой Рахматов
Турсунбой Рахматов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Турсунбой Рахматов
Соли 1992 ӯ ба ҳайси шаҳрдори Хуҷанд кор кардааст. Соли 2001 ӯ роҳбари Вазорати кишоварзии Тоҷикистон шуд. Аз соли 2004 то 2008 ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ роҳбарӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0