ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ҳамлагари собиқи дастаи "Помир” ва “Спартак"-и Маскав Муҳсин Муҳамадиев пас аз сактаи мағзӣ дар саломатии худ беҳбудие мушоҳида накардааст.
Дар ин бора ба РИА Новости ҳамсараш Моҳир Муҳамадиев хабар додааст.
Вай гуфт, ки айни замон Муҳаммадиев ба дастгоҳи нафаскашӣ сунъӣ пайват аст.
Муҳсин Муҳамадиев, ки 59-сола дорад, моҳи феврал сактаи мағзӣ аз сар гузаронд. Дар нимаи моҳи ноябр ӯ дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ шуда, ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда шуда буд.
"То ҳол саломатии Муҳсин бетағйир боқӣ мондааст. Ӯ як моҳро дар шӯъбаи эҳёгарӣ гузаронд ва ҳоло се ҳафта аст, ки бо дастгоҳи нафаскашӣ васл шудааст. Ҳеҷ беҳбудие ба назар нарасидааст. Имрӯз тамоми оилаи мо Соли навро бо Муҳсин дар шӯъбаи беморхона ҷашн мегиранд", - гуфт Муҳамадиев.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки Муҳсин Муҳаммадиев чанд маротиба сактаи мағзиро аз сар гузаронд.
Муҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар аст.
Дар дастаҳои машҳур, монанди "Помир" (Душанбе) — 1985-1991, "Локомотив" (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, "Спартак" (Маскав) – 1994-1995, "Локомотив" (Нижний Новгород) – 1996-1997, "Аустрия" (Вена) – 1997-1998, "Торпедо" (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати "Спартак" соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми "Витяз" (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 "Витяз" бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи "Марказ" гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи "Рубин"-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
Ӯ баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми "АФК-2017" роҳ ёфт.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, 22-юми майи соли 2018 аз вазифааш истеъфо дод.