Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист

Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвар номид.
“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон аз рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёна, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таъкид кард.
Вай сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб кард.
“Боиси таассуфи шадид аст, ки дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд”, изҳор дошт кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ваҳдати уммати мусулмонӣ даъват кард: Президенти Тоҷикистон дар нишасти изтирории сарони кишварҳои араб ва кишварҳои СҲИ суханронӣ кард.
Кишвардори Тоҷикистон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурд.
“Бидуни ҳамкории самарабахшу судманди ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои пешрафта дастёбӣ ба ҳадафҳои олии созмон ғайримкон аст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳзмон.
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ин кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон мебошад.
Ҳамзамон зимни суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.
Раҳмон озими Давҳа шуд: Раҳбари Тоҷикистонро дар фурудгоҳ вазири дифои Қатар пешвоз гирифт
Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуд, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласаи гузашта ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.