Раҳмон озими Давҳа шуд: Раҳбари Тоҷикистонро дар фурудгоҳ вазири дифои Қатар пешвоз гирифт

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар
 Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷа, ёрдамчиаш оид масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба давлати Қатар сафар кард
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод.
Ба иттило манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини Сарвазир – Вазири мудофиаи Давлати Қатар Шайх Саъуд ибни Абдураҳмон оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешаве, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки бори ахир Эмомалӣ Раҳмон 2 октябри соли 2024 ба Қатар сафар карда буд.
Раисҷумҳур он замон ба давлати Қатар барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё сафар карда буд.
Раҳмон гуфт барои чӣ масъулияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд гардидааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Раҳмон гуфт барои чӣ масъулияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд гардидааст.
Бори аввал Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7-уми майи соли 2007 сафар карда буд.
Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 сурат гирифт, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба Тоҷикистон буд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13-уми декабри соли 1994 барқарор гардиданд.
Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон миёни ду кишвар 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0