https://sputnik.tj/20250916/rahmon-hamla-qatar-tajovuz-sohibistiqlol-tamomiyati-arzii-1071232047.html
Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист
Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад
2025-09-16T11:51+0500
2025-09-16T11:51+0500
2025-09-16T11:52+0500
дар тоҷикистон
қатар
ҳамкорӣ
ислом
мусалмонон
сиёсат
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071217585_0:15:2048:1167_1920x0_80_0_0_060d702aa123e75184515ce2716ac18d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ кард.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвар номид.Раҳбари Тоҷикистон аз рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёна, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таъкид кард.Вай сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб кард.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.Кишвардори Тоҷикистон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурд.Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ин кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон мебошад.Ҳамзамон зимни суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуд, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласаи гузашта ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44921
https://sputnik.tj/20250915/rahmon-ozim-davha-furudgoh-vaziri-difoi-qatar-peshvoz-1071201673.html
қатар
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071217585_216:0:2036:1365_1920x0_80_0_0_d583b2707ccc0e8ae04150028efefa5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, раисҷумҳур, соҳибистиқлолӣ, тамомият, арзӣ, раисҷумҳур эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, раисҷумҳур, соҳибистиқлолӣ, тамомият, арзӣ, раисҷумҳур эмомалӣ раҳмон
Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист
11:51 16.09.2025 (Навсозишуда: 11:52 16.09.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвар номид.
“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон аз рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёна, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таъкид кард.
Вай сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб кард.
“Боиси таассуфи шадид аст, ки дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд”, изҳор дошт кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.
Кишвардори Тоҷикистон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурд.
“Бидуни ҳамкории самарабахшу судманди ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои пешрафта дастёбӣ ба ҳадафҳои олии созмон ғайримкон аст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳзмон.
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ин кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон мебошад.
Ҳамзамон зимни суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.
Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуд, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласаи гузашта ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.