ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазъи саломатии собик футболбози "Помир Душанбе" Муҳсин Мухамадиев андаке беҳтар шудааст.
Дар ин бора, ҳамсари Муҳаммадиев Моҳира Муҳамадиев ба хабаргузории ТАСС хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии шавҳараш баъди сактаи мағзӣ беҳтар шудааст.
"Даври тармими муолиҷаи хуб гузашт, вазъи саломатии Муҳсин каме беҳтар шудааст, имрӯз ӯ дучарха савор шуд. Ҳанӯз каме бе ҳол аст, аммо хеле талош дорад", - гуфт Моҳира.
Ӯ афзуд, ки феълан Муҳсин дар бемористон аст ва дар бораи замони раҳо шудан то ҳол маълумоте нест.
"Ӯ то ҳол вобаста аст, мо муддати дароз дар берун роҳ рафта наметавонем”, — гуфт Муҳамадиева.
Ҳамсараш аз дастаи "Вахш", ки хонаводаи Муҳсин Муҳаммадиевро то имрӯз дастгирӣ ва қадрдонӣ мекунад изҳори сипос кард.
Қаблан хабар дода шуд, ки Муҳсин Муҳаммадиев чанд маротиба сактаи мағзиро аз сар гузаронд