Раҳмон сафарашро дар ВМКБ аз Ванҷ оғоз кард

Роҳбари давлат ба хотири ширкат дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард ва боздиди ӯ аз ноҳияи Ванҷ шурӯъ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи 25 июн ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар кард, хабар дод дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, президент сафари худ ба ин вилоятро аз ноҳияи Ванҷ оғоз кард.
Ҳадаф аз сафари сарвари давлат ба ВМКБ - ро котиботи роҳбари давлат шиносоӣ бо вазъи зиндагонии мардум, рафти корҳои ободонӣ дар вилоят, ифтитоҳи иншоотҳо ва муҳим аз ҳама иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ рабт дод.
Манбаъ афзуд, президентро дар ноҳияи Ванҷ сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарм пазироӣ карданд.
Президент нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода дод.
Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар ҷашни Ваҳдати миллӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Роҳи мазкур аз ду хатти ҳаракат иборат буда, дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин котиботи роҳбари давлат хабар дод, ки президент жар ноҳияи мазкур корхонаҳои истеҳсоли калсит, коргарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСП "Мармар Стоун" -ро ба истифода дод.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд.
Ин корхона имкони пурра қонеъ сохтани талаботи саноати Тоҷикистон бо микрокалсити гуногунҳаҷмро дорад.
Илова бар ин, президент ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабиро барои 380 кӯдак ба истифода дод.
Маврид ба зикр аст, ки имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ баргузор мегардад.