https://sputnik.tj/20250623/malum-tojikistoniyon-jashn-vahdat-milli-ruz-istirohat-1068385129.html
Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар ҷашни Ваҳдати миллӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар ҷашни Ваҳдати миллӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи аввали тобистон тоҷиконро ҷашни бузурге интизор аст - дар ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад
2025-06-23T17:39+0500
2025-06-23T17:39+0500
2025-06-23T17:39+0500
дар тоҷикистон
бахшида ба рӯзи ваҳдат
истироҳат
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049555952_0:100:1280:820_1920x0_80_0_0_43361fddaf759bd00c8df60dfd9b8db6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар охири моҳи июн дар Тоҷикистон як ҷашни муҳими давлатӣ таҷлил мешавад. Чун анъана дар кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июн қайд мешавад. Он тибқи фармони президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи рӯзҳои ид" ва моддаи 83-и Кодекси меҳнат қайд карда шудааст.Ин сана дар кишвар расман рӯзи истироҳат буда, тоҷикистониён онро бо ширкат дар чорабиниҳои тантанавӣ ва ҷамъомадҳои мегузаронанд.Имсол санаи муҳим ба рӯзи ҷумъа рост меояд, аз ин рӯ дар Тоҷикистон ҳафтаи охири моҳ кӯтоҳ хоҳад буд - шаҳрвандон се рӯз паиҳам - аз 27 то 29 июн истироҳат мекунанд.Ҷашн дар саросари кишвар бо баргузории барномаҳои рангини фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешавад. То кунун дақиқ нест, ки раисҷумҳури кишвар ин ҷашнро дар кадом минтақаи кишвар мегузаронад.Дар соли 2025 сокинони Тоҷикистон чӣ гуна кору истироҳат хоҳанд кард?27 июн дар Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Русия Созизномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва мухолифини Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки амалан бар ҷанги дохилӣ дар кишвар нуқта гузошт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049555952_53:0:1190:853_1920x0_80_0_0_8d3b8dc7dc5804162daecc3d16fd3996.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маълум тоҷикистониён ҷашн ваҳдат миллӣ истироҳат
маълум тоҷикистониён ҷашн ваҳдат миллӣ истироҳат
Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар ҷашни Ваҳдати миллӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Дар моҳи аввали тобистон тоҷиконро ҷашни бузурге интизор аст - дар ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар охири моҳи июн дар Тоҷикистон як ҷашни муҳими давлатӣ таҷлил мешавад.
Чун анъана дар кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июн қайд мешавад.
Он тибқи фармони президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи рӯзҳои ид" ва моддаи 83-и Кодекси меҳнат қайд карда шудааст.
Ин сана дар кишвар расман рӯзи истироҳат буда, тоҷикистониён онро бо ширкат дар чорабиниҳои тантанавӣ ва ҷамъомадҳои мегузаронанд.
Имсол санаи муҳим ба рӯзи ҷумъа рост меояд, аз ин рӯ дар Тоҷикистон ҳафтаи охири моҳ кӯтоҳ хоҳад буд - шаҳрвандон се рӯз паиҳам - аз 27 то 29 июн истироҳат мекунанд.
Ҷашн дар саросари кишвар бо баргузории барномаҳои рангини фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешавад. То кунун дақиқ нест, ки раисҷумҳури кишвар ин ҷашнро дар кадом минтақаи кишвар мегузаронад.
27 июн дар Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Русия Созизномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва мухолифини Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки амалан бар ҷанги дохилӣ дар кишвар нуқта гузошт.