Русия дар мақоми аввал: Дар Суғд 76 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” чандин шартномаҳои нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ ба имзо расонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Дар умум теъдоди ин гуна шартномаҳои ҷадиди имзошуда 76 ададро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд, аз Палатаи савдо ва саноати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.
Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд дар шарҳи омори шартномаҳо гуфт, аз ҳама бештар соҳибкорони ватанӣ ва Русиягӣ миёни ҳам шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
“22 адад шартнома бо Русия, 18 адад бо кишвари Эрон, 17 адад бо кишвари Қирғизистон, 9 адад бо Ӯзбекистон, 2 адад Белорус ва 8 адад бо кишвари Чин, дар умум 76 шартномаи ба имзо расонида шуд” – гуфт, масъули Палатаи савдо ва саноат.
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар заминаи шартномаҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ аз вилояти Суғд содироти меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла панелҳои алюминӣ ба Русия ва Қирғизистону Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.
Дар навбати худ аз ин кишварҳо ба вилояти Суғд масолеҳи ниёзи бозор ворид карда хоҳад шуд.
Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” дар Хуҷанд чӣ гуна гузашт - видео
Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” рӯзҳои 11 – 14 уми июн дар Хуҷанд баргузор гардид ва дар он беш аз 500 меҳмон аз зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон аз ҷумла вилоятҳои гуногуни Русия иштирок намуданд.
Ин бори 11 ум аст, ки дар маркази Суғд чунин намоишгоҳи сатҳи байналмиллалӣ баргузор карда мешавад.
Коршиносони умумри иқтисод онро як майдони як майдони муҳими муколамаи судманд ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ва мамолики хориҷ арзёбӣ мекунанд.