https://sputnik.tj/20250617/rusiya-maqomi-avval-sugd-sanadi-hamkori-khorij-imzo-1068178355.html
Русия дар мақоми аввал: Дар Суғд 76 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид
Русия дар мақоми аввал: Дар Суғд 76 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” чандин шартномаҳои нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ ба имзо расонида шуд
2025-06-17T11:02+0500
2025-06-17T11:02+0500
2025-06-17T11:02+0500
дар тоҷикистон
суғд
намоишгоҳи байналмилалии тиҷорӣ
санад
санади ҳамкорӣ
имзои санад
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068178073_0:114:1260:823_1920x0_80_0_0_4e46ae443607b7abee135b11b56df85a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Дар умум теъдоди ин гуна шартномаҳои ҷадиди имзошуда 76 ададро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд, аз Палатаи савдо ва саноати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд дар шарҳи омори шартномаҳо гуфт, аз ҳама бештар соҳибкорони ватанӣ ва Русиягӣ миёни ҳам шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.Бар пояи иттилоъи манбаъ дар заминаи шартномаҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ аз вилояти Суғд содироти меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла панелҳои алюминӣ ба Русия ва Қирғизистону Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.Дар навбати худ аз ин кишварҳо ба вилояти Суғд масолеҳи ниёзи бозор ворид карда хоҳад шуд.Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” рӯзҳои 11 – 14 уми июн дар Хуҷанд баргузор гардид ва дар он беш аз 500 меҳмон аз зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон аз ҷумла вилоятҳои гуногуни Русия иштирок намуданд.Ин бори 11 ум аст, ки дар маркази Суғд чунин намоишгоҳи сатҳи байналмиллалӣ баргузор карда мешавад.Коршиносони умумри иқтисод онро як майдони як майдони муҳими муколамаи судманд ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ва мамолики хориҷ арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250616/namoishgohi-baynalmilalii-tijorati-sugd-khujand-video-1068175948.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068178073_0:0:1097:823_1920x0_80_0_0_86e146642d1eb3083ab73ec9f903fac5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, санад, ҳамкорӣ, суғд, хуҷанд, намоишгоҳ, байналмилалӣ, соҳибкорон
тоҷикистон, русия, санад, ҳамкорӣ, суғд, хуҷанд, намоишгоҳ, байналмилалӣ, соҳибкорон
Русия дар мақоми аввал: Дар Суғд 76 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” чандин шартномаҳои нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Дар умум теъдоди ин гуна шартномаҳои ҷадиди имзошуда 76 ададро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд, аз Палатаи савдо ва саноати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.
Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд дар шарҳи омори шартномаҳо гуфт, аз ҳама бештар соҳибкорони ватанӣ ва Русиягӣ миёни ҳам шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
“22 адад шартнома бо Русия, 18 адад бо кишвари Эрон, 17 адад бо кишвари Қирғизистон, 9 адад бо Ӯзбекистон, 2 адад Белорус ва 8 адад бо кишвари Чин, дар умум 76 шартномаи ба имзо расонида шуд” – гуфт, масъули Палатаи савдо ва саноат.
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар заминаи шартномаҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ аз вилояти Суғд содироти меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла панелҳои алюминӣ ба Русия ва Қирғизистону Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.
Дар навбати худ аз ин кишварҳо ба вилояти Суғд масолеҳи ниёзи бозор ворид карда хоҳад шуд.
Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” рӯзҳои 11 – 14 уми июн дар Хуҷанд баргузор гардид ва дар он беш аз 500 меҳмон аз зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон аз ҷумла вилоятҳои гуногуни Русия иштирок намуданд.
Ин бори 11 ум аст, ки дар маркази Суғд чунин намоишгоҳи сатҳи байналмиллалӣ баргузор карда мешавад.
Коршиносони умумри иқтисод онро як майдони як майдони муҳими муколамаи судманд ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ва мамолики хориҷ арзёбӣ мекунанд.