ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гимназияи рақами №1 ба номи Раҳим Ҷалил дар арафаи соли нави хониш 1,4 ҳазор китобҳои дарсиро дарёфт кард.
Ин миқдор китобро намояндагони Россотрудничество ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд дар ихтиёри муассисаи таълимӣ гузоштанд.
Бар хабари намояндагии Россотрудничество дар Хуҷанд, сар аз соли нави хониш дар ин гимназия ду синфи русӣ барои 57 хонанда кушода мешавад.Ҷамъан гимназияи мазкур 3,3 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
"Мактаб-гимназияи рақами №1 имсол 100-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад. Ин ягона мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд мебошад, ки таълимаш сирф бо забони тоҷикӣ буд ва 1-уми сентябр пас аз танаффуси тӯлонӣ кори ду синфи русӣ аз сар гирифта мешавад", - тазвеҳ дод Татяна Мудрова роҳбари Хонаи рус дар Хуҷанд.
Зик гардид, ки дар байни китобҳои дарсии ба гимназия додашуда дастурҳои оид ба забони русӣ, математика ва адабиёти рус мавҷуданд.
Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон пайваста аз Русия китобу дастурҳои таълимӣ мегиранд.
Таълим дар мактабҳои Тоҷикистон асосан бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин мактабҳое низ ҳастанд, ки таълим дар онҳо танҳо бо забони русӣ сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон панҷ мактаби замонавӣ сохта ба истифода дод, ки дарсҳо ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои русӣ сурат мегирад.