https://sputnik.tj/20240812/rusiya-maktab-internati-kudakon-yatimi-tojikiston-kitob-taqdim-1063891305.html
Русия ба яке аз Мактаб-интернати кӯдакони ятими Тоҷикистон 300 китоб тақдим кард
Русия ба яке аз Мактаб-интернати кӯдакони ятими Тоҷикистон 300 китоб тақдим кард
Sputnik Тоҷикистон
"Россотрудничество" ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
2024-08-12T10:46+0500
2024-08-12T10:46+0500
2024-08-12T10:46+0500
дар тоҷикистон
кӯдакони ятим
китоб
россотрудничество
русия
маориф
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059487276_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5881f0e009d6ff670da5bf066ce1d64f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав" 300 номгӯй адабиёти бачагонаи русӣ ва теъдоди зиёди барномаву дастурамалҳои омӯзиши забони русӣ тақдим намудааст.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини мақомоти ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.Зимни супоридани адабиёти бачагона роҳбари намояндагии "Россотрудничество" Андрей Патрушев гуфт, ки ҳадафи онҳо ба роҳ мондани ҳамкории байналхалқӣ дар самти гуманитарӣ буда, мақсад аз он ҳифзу рушди забони русӣ мебошад.Ҳамзамон барои омодакунӣ ва дар оянда таҳсил намудани хонандагони ин мактаб-интернат дар донишгоҳу донишкадаҳои федератсияи Русия байни намояндагии "Россотрудничество" ва мактаб-интернат шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия барои таълиф ва нашри китобҳо ба мактабҳои русзабони кишвар 200 миллион рубл ҷудо кард.Ба иттилои вазир ҳоло дар Тоҷикистон 244 мактаби русзабон мавҷуд аст ва таълим дар 60 мактаб пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.Ҳамчунин, номбурда гуфт, ки 94 фоизи мактабҳои Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ таъминанд.Аммо бо вуҷуди ин, норасоии китоб дар мактабҳо ҷой дорад ва ҳамасола волидайн аз мағозаҳои китоб барои фарзандонашон бо нархи гарон китоб харидорӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20231127/rusiya-tojikiston-omuzgor-kitob-mefiristad-1060620941.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059487276_29:0:1166:853_1920x0_80_0_0_cf890caa5f645fc2f3e56010229ca0e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, китоб, россотрудничество, мактаб интернат, кӯдакони ятим, шаҳринав
русия, тоҷикистон, китоб, россотрудничество, мактаб интернат, кӯдакони ятим, шаҳринав
Русия ба яке аз Мактаб-интернати кӯдакони ятими Тоҷикистон 300 китоб тақдим кард
"Россотрудничество" ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав" 300 номгӯй адабиёти бачагонаи русӣ ва теъдоди зиёди барномаву дастурамалҳои омӯзиши забони русӣ тақдим намудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини мақомоти ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Зимни супоридани адабиёти бачагона роҳбари намояндагии "Россотрудничество" Андрей Патрушев гуфт, ки ҳадафи онҳо ба роҳ мондани ҳамкории байналхалқӣ дар самти гуманитарӣ буда, мақсад аз он ҳифзу рушди забони русӣ мебошад.
Ҳамзамон барои омодакунӣ ва дар оянда таҳсил намудани хонандагони ин мактаб-интернат дар донишгоҳу донишкадаҳои федератсияи Русия байни намояндагии "Россотрудничество" ва мактаб-интернат шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия барои таълиф ва нашри китобҳо ба мактабҳои русзабони кишвар 200 миллион рубл ҷудо кард.
Ба иттилои вазир ҳоло дар Тоҷикистон 244 мактаби русзабон мавҷуд аст ва таълим дар 60 мактаб пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, номбурда гуфт, ки 94 фоизи мактабҳои Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ таъминанд.
Аммо бо вуҷуди ин, норасоии китоб дар мактабҳо ҷой дорад ва ҳамасола волидайн аз мағозаҳои китоб барои фарзандонашон бо нархи гарон китоб харидорӣ мекунанд.