Русия ба як мактаб дар Хуҷанд беш аз ҳазор китоб ҳадя кард

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеСтарейшая школа Худжанда получила новые учебники от Россотрудничества
Старейшая школа Худжанда получила новые учебники от Россотрудничества  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2024
Обуна шудан
Китобҳо ба Гимназияи рақами №1 ҳадя шуд ва интизор меравад сар аз соли нави хониш дар ин мактаб ду синфи русӣ барои 57 хонанда кушода шавад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гимназияи рақами №1 ба номи Раҳим Ҷалил дар арафаи соли нави хониш 1,4 ҳазор китобҳои дарсиро дарёфт кард.
Ин миқдор китобро намояндагони Россотрудничество ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд дар ихтиёри муассисаи таълимӣ гузоштанд.
Бар хабари намояндагии Россотрудничество дар Хуҷанд, сар аз соли нави хониш дар ин гимназия ду синфи русӣ барои 57 хонанда кушода мешавад.Ҷамъан гимназияи мазкур 3,3 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
"Мактаб-гимназияи рақами №1 имсол 100-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад. Ин ягона мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд мебошад, ки таълимаш сирф бо забони тоҷикӣ буд ва 1-уми сентябр пас аз танаффуси тӯлонӣ кори ду синфи русӣ аз сар гирифта мешавад", - тазвеҳ дод Татяна Мудрова роҳбари Хонаи рус дар Хуҷанд.
Зик гардид, ки дар байни китобҳои дарсии ба гимназия додашуда дастурҳои оид ба забони русӣ, математика ва адабиёти рус мавҷуданд.
Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон пайваста аз Русия китобу дастурҳои таълимӣ мегиранд.
Таълим дар мактабҳои Тоҷикистон асосан бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ шудааст.
Почти 800 книг получила сельская школа Вахдатского района Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Русия ба яке аз Мактаб-интернати кӯдакони ятими Тоҷикистон 300 китоб тақдим кард
Ҳамчунин мактабҳое низ ҳастанд, ки таълим дар онҳо танҳо бо забони русӣ сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон панҷ мактаби замонавӣ сохта ба истифода дод, ки дарсҳо ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои русӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0