Меҳмонони чорабинӣ дипломатҳои кишварҳои мухталифи хориҷи наздик ва дур буданд.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур оҳанги офаридаи худ “Фариштаҳо дар болои Маскав”, ки ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” офарида шудааст, иҷро кард.
Ин ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ин оҳангро худ навишт ва бори аввал дар онро дар "Шоми дӯстии Русияву Тоҷикистон" дар Маскав иҷро кард.
Раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова хабар дод, ки дар Крокус рӯзи 23 март бояд Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.
Ӯ гуфт, пас аз хабардор шудан аз ин ҳодисаи даҳшатбор созмондиҳандагон ҷашнро лағв карданд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки нафароне, ки ин амали террористиро анҷом доданд ба ҳадафҳои худ нарасиданд.
"Мо ҳадафҳои онҳоеро, ки ин амали бераҳмона ва хунинро фармоиш додаанд, дарк мекунем. Онҳо кӯшиш карданд, ки дар байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон ихтилоф эҷод кунанд”, таъкид намуд раиси Маркази фарҳанги тоҷикон дар Москва Хуршеда Ҳамроқулова.
Лаҳзаҳои беҳтарини ин шоми дӯстӣ дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.