Дар Давос пандемияи навро ба нақша гирифтаанд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз эҳтимоли ба вуҷуд омадани пандемияи нав дар ҷаҳон хабар медиҳад. Аммо ба гумони бисёр коршиносон ин лоиҳаро ё ширкатҳои дорусозӣ ё сиёсатмадорон барои пирӯзӣ дар интихобот пиёдасозӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik, Виктория Никифорова. Миллиардерҳо ва сиёсатмадорони зертобеъашон, ки дар осоишгоҳи швейтсарӣ ҷамъ омадаанд, "бемории X" -ро, ки гӯё ба наздикӣ инсониятро фаро мегирад, муҳокима мекунанд. Аҷиб, ки аллакай маълум аст, ки он нисбат ба Ковид 20 маротиба марговартар хоҳад буд.
Дар бобати он, ки ин беморӣ вирусӣ хоҳад буд ва бо "эҳтимолияти зиёд" аз ҳайвонот ба одамон мегузарад, якдилӣ пайдо шуд. Аллакай ҳоло, вақте ки ягон асари пандемия вуҷуд надорад, тасмим гирифта шудааст, ки давраи таҳияи ваксинаҳои зидди "бемории X" сад рӯзро ташкил медиҳад. Мантиқро санҷед: маълум нест, ки ин чӣ гуна беморӣ аст, аммо аллакай тасмим гирифта шудааст, ки дар тӯли зиёда аз се моҳ ваксина бар зидди он таҳия карда шавад.
Дар ин ҷо сарвари бритониёии “AstraZeneka” низ дида мешуд, ширкате, ки як вақтҳо ваксинаи зидди коронавирус баровард, ки он чунон таъсироти зиёди манфӣ дошт, ки ҳатто бритониёни пуртоқат аз он дасткашӣ карданд. Барои ширкатҳои дорусозӣ мавсими серкорӣ фаро мерасад, пул худаш ба даст намеояд.
Дар Тоҷикистон хуруҷи зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мушоҳида мешавад
Дарвоқеъ, дар кишварҳои мутамаддин, масалан, дар Русия, олимони номӣ бо таҳияи нақшаи мубориза бо пандемия ва касалиҳои фарогир машғуланд. Онҳо мавзӯъро таблиғ намекунанд, аммо паёпаии амалҳоро ба таври возеҳ фикр мекунанд, то ки агар чизе рӯй диҳад, онҳо комилан мусаллаҳ бошанд.
Дар Давос шумораи капиталистон аз шумораи олимон аёнан зиёд аст. Сухангӯи асосии "бемории X", Котиби генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) Теодор Гебрейюс умуман духтур нест. Роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар атрофи ӯ, ки мунтазам ва саховатмандона ба СҶТсарпарастӣ мекунанд, фарсахҳо аз табибӣ дуранд. "Мақсадҳои иқтисодӣ"-и ин мавзӯъро Роспотребнадзори Русия аллакай қайд кардааст.
Дарвоқеъ, ширкатҳои фармасевтии амрикоӣ омодагӣ мегиранд, ки бори дигар “равған”-ро (яъне даромадро) аз хуке бономи Аврупо ба даст оранд. Давраи коронавирус, вақте ки онҳо аз ҳукуматҳои Аврупо бо дастгирии Урсула фон дер Лейен, ки барояш низ пора медоданд,ба маблағи триллионҳо доллар фармоишҳои ҳукуматӣ гирифтанд, муваффақ буд. Дуруст аст, ки ҳоло ваксинаҳои истифоданашуда партофта мешаванд, аммо маблағ аллакай ба даст омад. Бо ваксинаҳои зидди "бемории X" такрор накардани ин кор айб аст.
Бо назардошти миқдори зиёди пул, ки дар атрофи ин мавзӯъ чарх мезанад, ба фикре меоӣ, ки бо чунин маблағ метавон бо тамоми бемориҳое, ки инсонияти муосирро азият медиҳанд, мубориза барем. Дар бораи бемории сил дар байни мардуми таҳҷоии Иёлоти Муттаҳида чӣ гуфтан мумкин аст? Ин як ҳикояи даҳшатовар аст. Вазъият дар Украина боз ҳам бадтар аст: системаи тандурустии шӯравӣ "декоммунизатсия карда шуд", системаи нав таъсис дода нашудааст ва ин аст натиҷа.
Назорати саломатии шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО пурзӯр карда мешавад
Комёбиҳо дар мубориза бо вабо чӣ гунаанд? Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 20 сол боз онро ҳадафи аввалиндараҷа эълон мекунад. Билл Гейтс ба ин самт садҳо миллион доллар ҷудо мекунад, аммо натиҷа куҷост? Шояд аз Русия маслиҳат пурсед? Дар як вақт гузаштагони мо ба касалии вабо, тоун, сурхак, дифтерия, менингит, полиомиелит хотима гузошта, ҳамаи ин касалиҳоро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ пурра барҳам доданд. Мо метавонем таҷрибаамонро мубодила кунем, ин масъалаи воқеан ҷиддӣ аст.
Маҳз таҷрибаи соҳаи тандурустии мо, алгоритмҳои ихтироъкардаи Семашко ба Русия кӯмак кард, ки аз санҷиши коронавирус бомуваффақият гузарад. Мушкилоти аслӣ чизи дигар буд. Ҳамзамон вируси иттилоотӣ паҳн шуда, мардумро ба воҳима ва номуайянӣ мебурд. Илми тиб сиёсатзада шуд. Ҷомеа ба гурӯҳҳоҷудо шуд ва ҳар кадоме аз ҳукумат норозӣ буд.
Баъзеҳо фарёд мезаданд, ки коронавирус умуман вуҷуд надорад, дигарон итминон медоданд, ки он вуҷуд дорад, аммо безарар аст, саввумиҳо худашон бемор буданд ва кӯшиш мекарданд, ки ин хабарҳоро нахонанд. Пас аз он ҳаёҳуй ва овозаҳо гирдиваксинаҳо сар шуд: ваксинахо бад буданд ва "духтурхо чоҳҳоро заҳролуд карданд"; не, хубанд, вале каманд ва агар кофӣбошанд, ин ҳамон ваксина нест. Баъзе одамон ҳатман ваксинаҳои ғарбиро мехостанд. Табобатҳое низ пайдо шуданд, ки ҳар як аз дигараш аҷибтар.
Лавров: Русияро зарур аст, ки пурра аз вобастагӣ ба Ғарб раҳо шавад
Дар ҳамин ҳол, коронавирус ҳосили худро ҷамъоварӣ карда, шаҳрвандони пиронсол ва нотавонро мебурд ва ғами табиии инсонии хешовандонашон боз ба давлат рӯ овард: онҳо, мегуфтанд, ки на ҳама кори дуруст анҷом дода шуд. Ба назар чунин менамуд, ки марг бо сабабҳои табиӣ тамоман вуҷуд надорад, дар ҳама чиз макри касе ба назар мерасид.
Ин вируси иттилоотӣ - воҳима, тарс, аз худи Ковид камтар набуд, агар хатарноктар набуд. Аммо дар Русия мо ин ҳамаро дар шакли сабуктар аз сар гузаронидем. Дар ИМА, Австралия ва Бритониё, одамон дар тӯли моҳҳои зиёд, дар маҷмӯъ аз як то ду сол дар хонаҳои худ баста буданд.
Дар Ҳиндустон, Чин ва бисёре аз кишварҳои Осиё ниқобҳо то ба наздикӣ пӯшида мешуданд. Австралия бо он ном баровард, ки шумораи худкушӣ дар давраи пандемия ва карантиназ шумораи фавтидагон аз коронавирус зиёдтар шуд.
Корхонаҳо муфлис, оилаҳо хароб, тамоми минтақаҳо муфлис мешуданд, одамон ба маънои аслӣ, бидуни истилоҳо девона мешуданд. Дар тӯли тобистони соли 2020, дар Аврупо тазоҳуроти азим ҷараён дошт,дар Иёлоти Муттаҳида шоҳидони сектаи BLM хашмгин буданд. Мардум ба кӯчаҳо баромаданд, то девона нашаванд.
Бесабаб нест, ки имрӯз мардуми Ғарб ба "бемории X"-и Давос хеле шубҳанок менигаранд. Аз чӣ сабаб бошад, ки одамон чунин мешуморанд, ки ин тасодуфӣнест, ки тамоми ин воқеа дар арафаи интихобот дар Аврупо ва ИёлотиМуттаҳида ба амал меояд.
Куштани аждаҳо: Ҷаҳон дар остонаи ҷанги ҷаҳонӣ аст
Моҳи июн интихобот ба Парлумони Аврупо баргузор мешавад, ки таҳдиди сари қудрат овардани сиёсатмадорони зиддиамрикоиро дорад. Дар моҳи сентябр дар Олмон овоздиҳӣ баргузор мешавад, ки дар он ҷо душманони Вашингтон боз барои роҳбарӣ талош мекунанд.
Миёни онҳо интихобот дар Белгия аст ва тибқи натоиҷи онҳо, қалъаи Иттиҳодияи Аврупо метавонад пош хӯрад. Пас осонтар аст, ки даҳшат байни шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо бо "бемории X" паҳн сохта шавад, одамонро боз дар хонаҳо маҳкам карда, одамони даркории худро сари қудрат овардан осонтар мешавад?
Илова бар ин, таҷриба вуҷуд дорад. Дар соли 2020, маҳдудиятҳо ва дигар паёмадҳои коронавирус имкон доданд, ки овоздиҳандагони амрикоӣ дар хонаҳои худ маҳкам шаванд, раъйдиҳӣ бо тақаллуб гузарад ва аз вуруди нозирон ба участкаҳои интихоботӣ пешгирӣ шавад. Тақаллуби бесобиқа ба он овард, ки ба ҷои Трамп Ҷо Байден ба Коҳи Сафед роҳёфт. Ҳоло ҳизби демократ тайёр аст ин сенарияро такрор кунад.
Нашрияҳои ҷумҳуриятхоҳон аз ёвари собиқи вазири молияи ИМА Моника Кроули иқтибос овардаанд: "Вақти пешазинтихоботӣ аст! Ин сирояти нав ба онҳо имкон медиҳад, ки қоидаҳои нави СҶТ-ро татбиқ кунанд, маҳдудиятҳоро ташкил кунанд, озодии суханро маҳдуд кунанд ва озодиҳои моро нобуд кунанд. Магар муболиғааст? Дар соли 2020 ҳам барои мо низ чунин менамуд."
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Чизи дигар он аст, ки бори дуюм мавзӯи маҳдудиятҳо метавонад ба натиҷаи баръакс оварда расонад, трампчиёни ноумед ба кӯчаҳо баромада, шӯриши мусаллаҳона барпо карданаш мумкин аст. Аммо ҳизби демократ, аз афташ, дигар иқдомҳои худро пешбинӣ карда наметавонад.
Тавре ки мебинем, одамони хеле сарватманд ва бонуфузи Ғарб ба қаллобӣ бо номи "бемории X" таваҷҷӯҳ доранд. Дар ин қаллобӣ иштирок кардан барои Русия фоида надорад. Бо вуҷуди ин, бояд зиракиро аз даст надиҳем.
Рақибони амрикоии мо дар пажӯҳигоҳҳои низомии худ, ки бисёре аз онҳо дар назди сарҳадҳои мо ҷойгиранд, пайваста бо вирусҳо озмоиш мегузаронанд. Ҳамин тавр, дар ҳоле ки Ғарб бо таҳдидҳои хаёлӣ мубориза мебарад, дар ин ҷо мо метавонем ба таҳдидҳои комилан воқеӣ рӯ ба рӯ шавем.