Лавров: Русияро зарур аст, ки пурра аз вобастагӣ ба Ғарб раҳо шавад

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкСовместное заседание коллегий МИД России и МИД Белоруссии
Совместное заседание коллегий МИД России и МИД Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Маскав ҳама корро мекунад, то равобити байналмилалӣ бештар демократӣ ва озодтар шавад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Русия дар соли 2024 дар назди худ вазифа гузоштааст, ки аз ҳар гуна вобастагӣ аз Ғарб дар иқтисод ва занҷири таъминот раҳоӣ ёбад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти матбуотӣ оид ба натоиҷи дипломатияи Русия дар соли 2023 изҳор дошт.
"Нақшаҳои рушди дохилии мо равшан ифода ёфтаанд, ҳукумат барои рушди устувори иқтисод дар шароите, ки бо кӯшиши Иёлоти Муттаҳида ва тобеъони он ба вуҷуд омадааст, фаъолона кор мекунад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, соли 2023 тамоюли қабул накардани “одоб”-и геополитикии кишварҳои ғарбиро нишон дод.
"Соли гузашта, албатта, рад кардани чунин рафторҳоеро нишон дод, ки барои Ғарб анъанавист, ки комилан ба манфиатҳои худ такя карда, манфиати дигаронро ба назар намегирад" - гуфт вазир.
Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Нишасти хабарии Лавров дар бораи натиҷаҳои дипломатияи Русия: видео
Илова бар ин, вазири умури хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки Маскав ҳама корро мекунад, то равобити байналмилалӣ бештар демократӣ шавад.
Лавров таъкид кард, ки "мо пешбурди ғояҳои ҳақиқат ва адолатро дар умури байналмилалӣ идома хоҳем дод, мо ҳама корро мекунем, то равобити байналмилалӣ бештар демократӣ шавад".
Ёдовар мешавем, ки Сергей Лавров, - вазири умури хориҷии Русия, нишасти матбуотии солонаро доир ба натиҷаҳои кори хадамоти дипломатии Русия дар соли 2023 баргузор мекунад.
Дар ин чорабинӣ ӯ нуқтаи назарашро оид ба вазъияти байналхалқӣ иброз медорад.
Лентаи хабарҳо
0