https://sputnik.tj/20240118/tojikiston-khuruj-zukom-bemoriho-roh-nafas-mushohida-1061326470.html
Дар Тоҷикистон хуруҷи зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мушоҳида мешавад
Дар Тоҷикистон хуруҷи зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мушоҳида мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат ва аз тарафи дигар риоя накардани гигиенаи шахсии аҳолӣ мебошад
2024-01-18T16:16+0500
2024-01-18T16:16+0500
2024-01-18T16:16+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
наврӯз ҷаъфаров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/90/1028839032_23:0:978:537_1920x0_80_0_0_aa4f4c87ef5a1a483ee570134ee2dbc8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон вируси мавсимии зукоми H3N2 навъи А дар байни аҳолӣ, ба хусус кӯдакон дар ҳоли гардиш аст. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи коршинос, аз моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ хуруҷи зуком ва дигар бемориҳои шадиди роҳи нафас ба қайд гирифта шудааст. Ҷаъфаров таъкид кард, ки феълан тамоми марокизи тиббӣ муваззаф шудаанд, ки ҳама мавориди ин бемориро сабти ном ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар маълумот пешниҳод кунанд. "Баъдтар мо имкон дорем бубинем, ки раванди эпидемиологӣ дар байни ин беморон чӣ гуна тағир меёбад",- гуфт ӯ. Дар шароити иқлими Точикистон бештар вирусҳои зукоми навъи А ва В мушоҳида мешаванд. Сабаби асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар риоя накардани гигиенаи шахсии ахолӣ гуфта мешавад.Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон паёмҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳн шудани навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар ҷумҳурӣро рад карда буд. Вазорат хабар дод, ки бемороне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳи нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, барои ташхиси COVID-19 гузаронида мешаванд ва натиҷаи ташхис нишон медиҳад, ки дар кишвар касе ба ин вирус сироят накардааст.
https://sputnik.tj/20231218/vazorat-tandurusti-khabarho-gardish-covid-tojikistonro-sharh-1060954348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/90/1028839032_142:0:858:537_1920x0_80_0_0_0baa1da27519399a2a90033555f8905d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон хуруҷ зуком беморӣ роҳи нафас
тоҷикистон хуруҷ зуком беморӣ роҳи нафас
Дар Тоҷикистон хуруҷи зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мушоҳида мешавад
Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат ва аз тарафи дигар риоя накардани гигиенаи шахсии аҳолӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон вируси мавсимии зукоми H3N2 навъи А дар байни аҳолӣ, ба хусус кӯдакон дар ҳоли гардиш аст.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи коршинос, аз моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ хуруҷи зуком ва дигар бемориҳои шадиди роҳи нафас ба қайд гирифта шудааст.
"Дар ин давра мо афзоиши зукоми мавсимиро мушоҳида кардем. Бояд гуфт, ки дар моҳи январ ба далели таътили зимистонаи мактаббачагон шумораи беморон коҳиш ёфта, роҳҳои гузариши зукоми мавсимӣ паст шудааст", - афзуд ӯ.
Ҷаъфаров таъкид кард, ки феълан тамоми марокизи тиббӣ муваззаф шудаанд, ки ҳама мавориди ин бемориро сабти ном ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар маълумот пешниҳод кунанд.
"Баъдтар мо имкон дорем бубинем, ки раванди эпидемиологӣ дар байни ин беморон чӣ гуна тағир меёбад",- гуфт ӯ.
Дар шароити иқлими Точикистон бештар вирусҳои зукоми навъи А ва В мушоҳида мешаванд. Сабаби асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар риоя накардани гигиенаи шахсии ахолӣ гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон паёмҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳн шудани навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар ҷумҳурӣро рад карда буд.
Вазорат хабар дод, ки бемороне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳи нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, барои ташхиси COVID-19 гузаронида мешаванд ва натиҷаи ташхис нишон медиҳад, ки дар кишвар касе ба ин вирус сироят накардааст.